Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ТАНЗЕҲ
Ҷисми сураткарда ва ҷавҳари дар ҳадд омадаву андозагирифта нест. Ва ба ҳеҷ ваҷҳе аз вуҷуҳ аҷсомро намонад — на дар каммият ва на дар қабули қисмат. Ва чунон ки ҷавҳар нест, маҳалли ҷавҳар ҳам нест ва араз у маҳалли аъроз ҳам не. Ва Ӯ ҳеҷ мавҷудеро намонад ва ҳеҷ мавҷуде бад-Ӯ намонад. Ва ба каммият у миқдор маҳдуд нашавад ва ҷиҳоту ақтор ба вай муҳит нагардад ва осмонҳо гирди вай дарнаёяд, ки Ӯ бар Арш истиво фармудааст бар он ваҷҳ, ки гуфтааст ва ба маъние, ки хостааст. Истивое, ки аз бисудану ором гирифтан ва ҷойгир шудан ва фурӯ омадан ва аз ҷое ба ҷойе рафтан муназзаҳ аст, бал Арш ва ҳамалай он маҳмули лутфи Ӯанд ва мақҳури қабзаи қудрати Ӯ. Ва Ӯ фавқи Арш аст ва фавқи ҳама чизҳо то ҳадди саро¹. Фавқияте, ки ба мӯҷиби он наздикӣ ба Аршу осмон зиёдат нашавад, бал чунон ки аз саро рафиуддараҷот аст, аз арш низ рафиуддараҷот аст. Ва маъа золик, ба ҳар мавҷуде наздик аст ва ба бандагон наздиктар аз раги ҷон аст ва бар ҳама чизҳо гувоҳ аст. Чи наздикии Ӯ наздикии аҷсомро намонад, чунон ки зоти Ӯ зоти аҷсомро намонад. Ва Ӯ дар чизе ҳулул накунад ва чизе дар Ӯ ҳулул накунад. Ва мутаъолист аз он чи маконе вайро дар [бар] гирад, чунон ки мутақаддис аст аз он чи дар замоне маҳдуд бошад. Бал пеш аз офариниши замону макон будааст ва акнун ҳам бар он аст, ки будааст. Ва ба сифоти худ аз халқ мубойин аст. Ва дар зоти Ӯ ҷуз Ӯ нест ва дар ҷуз Ӯ зоти Ӯ на. Ва муқаддас аст аз тағйир ва интиқол. Ҳаводис дар Ӯ ҳулул накунад ва авориз дар Ӯ нарасад, бал ҳамеша дар нуҳути ҷалоли худ аз завол муназзаҳ аст ва дар сифоти камоли худ аз зиёдати истикмол бениёз. Вучуди Ӯ ақлҳоро шинохтанӣ аст ва зоти Ӯ чашмҳоро диданӣ, аз рӯи лутфе ва инҷоме, ки дар дорулкарор ба аброр хоҳад расонид ва наими муқимро ба дидани важҳи карим комил хоҳад гардонид.
¹ Саро – хок, замин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор