Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
фурӯтании ӯро¹ ба вай сироят кунад.
Аввали талқин чун тухме бошад, ки дар синаи вай андозанд. Ва ин асбоб чун об додан ва парпардан бошад, то намо пазирад ва қавӣ шавад ва шаҷараи тайибай росихае гардад, ки бехи он устувор бошад ва шохи он бо соқи Арш муттасил. Ва самъи вайро аз ҷадалу калом нигоҳ доранд ва дар он² муболағат намоянд, чи ташвиш ва ифсоди калом беш аз тамҳиду ислоҳ аст. Ва эътиқод [ро] ба ҷадал устувор кардан ҳамчунон бошад, ки дарахтро ба оҳан кӯфтан, бар умеди он ки қавӣ шавад ва аҷзои вай мутакассир гардад ва ағлаб он бошад, ки реза-реза кунад ва табоҳ гардонад. Ва баёни инро мушоҳада басанда аст, чи ҳеҷ бурҳон қавитар аз аён набувад.
Пас ақидаи оммиёни муслеҳу муттақиро қиёс бояд кард бо ақидаи мутакаллимон ва муҷодилон, чи ақидаи омӣ дар субот чун кӯҳ барафрошта бошад, ки соиқаҳо ва доҳияҳо онро начунбонад. Ва ақидаи мутакаллим, ки эътиқод ба тақсимоти ҷадалӣ нигоҳ дорад, чун риштаи дар ҳаво гузошта, ки бод онро ҳар ҷонибе барад, магар он кас аз мутакаллимон, ки далели эътиқод ҳамчунон ба тақлид ёд гирифта бошад, ки нафси эътиқод. Ва миёни тақлид дар омӯхтани далел ва дар омӯхтани мадлул фарқе набошад. Ва ёд гирифтан далели чизе аст ва дар назар мустақил шудан чизе дигар, ки аз он бағоят дур аст. Ва нашви кӯдак чун бар ин ақида бошад³, агар ба касби дунё машғул шавад, ҷуз он чизе вайро маълум нагардад, валекин ба сабаби эътиқоди ҳаққ дар охират ба саломат монад, чи шаръ аҷлофи арабро беш аз тасдиқи ҷазм ба зоҳири ин ақида таклиф накардааст. Ва аммо баҳсу тафтишу таклиф ба тартиби далелҳо аслан эшонро таклиф нафармуда. Ва агар хоҳад,
_________________ ¹ Ҳақк таъолоро.
² Ва дар нигоҳдошти он.
³ Ва чун кӯдак бар ин ақида рушд карда ва бузургшуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор