Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ФАСЛИ ДУВВУМ
ДАР ТАДРИҶИ ИРШОД ВА ТАРТИБИ ДАРАҶОТИ ЭЪТИҚОД
Он чӣ аз тарҷумони ақида ёд кардем, кӯдакро дар аввали нашв¹ талқин [ва] ёд бояд кард, то ёд гирад. Пас ҳар чӣ умр бармеояд маънии он ба тадриҷ рӯшан мешавад. Ва аввал ҳифз бошад, пас фаҳм, пас эътиқод ва мутаяққин шудан дар он ва бовар доштани он. Ва он аз он ҷумла аст, ки кӯдакро бе бурҳон ҳосил шавад, ки аз фазли Ҳаққ таъоло бар мардум яке он аст, ки дили вайро дар аввали нашв кушода кардааст ва қобили имон гардонида, бе он ки ба ҳуҷҷат ва бурҳон мӯҳтоҷ шавад.
Ва ин маъниро чӣ гуна мункир тавон шуд, ки эътиқоди ҳама авоми дар аввал талқини муҷаррад ва таълими маҳз мебошад? Бале, эътиқоде, ки аз муҷарради тақлид ҳосил шавад, аз навъи заъфе холӣ намонад, бад-он маъни, ки агар нақизи он бо вай бигӯӣ он эътиқод зоил шавад. Ва аз қавӣ кардан ва собит гардонидани он дар дили кӯдак ва оммӣ чорае нест, то устувор шавад ва мутазалзил набошад. Ва тариқи қавӣ кардан он нест, ки санъати ҷадалу калом биёмӯзад, бал [бояд ки] ба хондани Қуръон ва тафсири он ва аҳодис ва маонии он ва иқомати вазоифи ибодот [160] машғул гардад ва устувории эътиқоди ӯ ҳамеша зиёдат шавад, бад-он чӣ далелҳо ва ҳуҷҷатҳои Қуръон ба самъи вай расад ва шавоҳид ва фавоиди ҳадис бар вай ворид шавад ва анвори ибодот ва вазоифи он бар вай сотеъ гардад. Ва бад-он чӣ аз мушоҳадаи аҳли салоҳ ва муҷолисати эшон ва симо ва ҳайати эшон дар тарс аз Ҳаққ таъоло ва ҳузӯъ ва
1 Нашв – рӯйидан, парвариш ёфтан.
АБУҲОМИД МУҲАММАДИ ҒАЗЗОЛИ 471 ЭҲЁИ УЛУМИ-Д-ДИН

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор