Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

гуфт: «Уламои калом занодиқаанд».

Ва Молик гуфт: «Чӣ гӯйӣ агар касе биёяд, ки аз вай муҷодилтар бувад, дини худро ҳар рӯзе ба дине тоза бигузорад?» Ай, сухани муҷодилон мутаориз аст, бар он эътимоде набусад. Ва ҳамӯ гуфт: «Гувоҳии аҳли бидаъ ва аҳво наборд шунид». Ва баъзе аз асҳоби вай дар таъвили ин сухан гуфтанд, ки ба аҳли аҳво аҳли каломро хостааст бар ҳар мазҳабе, ки бошанд.

Ва Бӯюсуф гуфт: «Ҳар кӣ динро ба калом талабад зиндиқ шавад». Ва Ҳасан гуфт: «Бо аҳли аҳво ҳамнишин мабошед ва муҷодала макунед ва аз эшон машунавед». Ва аҳли ҳадис аз салаф бар ин муттафиқ шудаанд. Ва ташдидот, ки аз эшон нақл афтодааст, номаҳсур аст. Ва гуфтанд: «Саҳоба бо он ки аз дигарон дар ҳақоиқ олимтар ва дар тартиби алфоз фасеҳтар буданд, аз он хомӯш нашудаанд магар ба сабаби он чи донистаанд, ки аз вай чӣ шарр зояд». Ва барои он, Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом — фармуд: «Ҳалака-л-мутанаттаъун, ҳалака-л-мутанаттаъун, ҳалака-л-мутанаттаъун». Ай, тааммуқкунандагон дар баҳс ва истиқсо ҳалок шуданд. Ва ҳуҷҷат оварданд бад-он ки агар калом аз дин бошад, муҳимтарин чизе, ки Пайғомбар фармуд, он будӣ ва тариқи он биёмӯхтӣ ва бар арбоби он сано гуфтӣ. Чӣ Пайғомбар истинҷо мардумонро биёмӯхта ва дар ҳифзи фароиз тарғиб фармуда ва бар аҳли он сано гуфта ва аз калом дар қадар наҳӣ кардааст ва гуфта: «Аз он боз бошед». Ва саҳоба ҳам бар ин истимрор намуданд. Ва эшон устод ва муқтадо буданд ва мо атбоъ ва шогирдон ва зиёдат аз устод зулму туғён бошад.

Ва аммо фариқи дигар ҳуҷҷат оварданд, ки агар маҳзур1 аз калом лафзи ҷавҳар ва араз ва ин истилоҳоти ғариб аст, ки маъҳуди саҳоба набуд, кори он саҳл аст. Чӣ ҳеҷ илме нест, ки на дар он истилоҳот муҳдас аст барои тафҳими

1 Маҳзур - мамнӯъ.

пешина
аз 567
навбатӣ