Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

маонӣ чун илми ҳадису тафсиру фиқҳ. Ва агар лафзи «нақз»1 ва «қаср»2 ва «таркиб»3 ва «таъдия»4 ва «фасоди вазъ»5 бо саҳоба гуфтандӣ, фаҳм накардандӣ ва «ихдос» иборатест барои далолат ва мақсуде саҳеҳ, чун ихдос ованде нав бошад бар ҳайате тоза барои истеъмол дар мубоҳе.

Ва агар «маҳзур» маъно аст, пас муроди мо аз калом нест магар маърифати далел бар ҳудуси олам ва ягонагии Офаридгор ва сифоти Ӯ, чунон ки дар шаръ омадааст. Ва маърифати Худой ба далел чӣ гуна ҳаром бошад?

Ва агар «маҳзур» шағаб ва таАССУб ва душманоягӣ ва кина аст ва он чи калом бад-он адо мекунад, дар он сухане нест, ки он ҳаром аст ва эҳтироз аз он воҷиб. Чунон ки илми ҳадису тафсиру фиқҳ ба кибру риё ва талаби меҳтарӣ адо мекунад ва он ҳаром аст ва эҳтироз аз он лозим. Валекин илм ба сабаби он мамнӯъ набушад ва агар ҳуҷҷат аст, мутолабати он ва баҳс аз он чӣ гуна маҳзур бошад? [163] Ва Ҳаққ таъоло гуфтааст: «Кул ҳоту бурҳонакум»6. Ва гуф-

1 Нақз – Ҳува ан юҷад васфу-л-лазӣ яддаъӣ аннаҳу иллатун маъа адами-л-ҳукми фиҳ ва ҳосилуҳу интиқоу-л-мадлул маъа вучуди-д-далил (Кашшофу ислоҳоти-л-фунун).

2 Каср – Инда-л-усулийин ва аҳли-н-назар ҳува ан тувачҷаҳ ҳикма-ту-л-иллати бидуни иллатин ва ло юҷаду-л-ҳукм ва ҳосилуҳу вучуду-л-ҳикмати-л-мақсудати мина-л-васфи маъа адами-л-ҳукм (Кашшофу ислоҳоти-л-фунун).

3 Таркиб – дар урф таълиф буд ва он қарор додани ашёи мутааддид аст бад-он сон, ки битавон номи воҳидеро бар он итлоқ кард. Дар таълиф бояд, ки байни аҷзо муносабат бувад. Дар истилоҳи муҳаддисин иборат аст аз таркиби матни ҳадис ба исноди матни ҳадиси дигар (Кашшофу ислоҳоти-л-фунун).

4 Таъдия – нақли ҳукм аз асл ба фаръ («Таърифот»-и Ҷурҷонӣ).

5 Фасоди вазъ – дар истилоҳ иборат аст аз ин аст, ки далели мӯътабаре дар мавриди як ҳукми ба хилофи Қуръон ё иҷмоъ вучуд дошта бошад. («Таърифот»-и Ҷурҷонӣ).

6 Бақара, 2:111.

пешина
аз 567
навбатӣ