Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ихтисор дар ин китоб эрод кардаем [168].
Ва агар дар ӯ закое бошад ва ба закои худ бар суоле мутанаббеҳ [шавад] ва дар нафси ӯ шубҳате зояд ва иллати махуф пайдо ояд ва дард зоҳир шавад, дар ин ҳол боке набошад, ки вайро аз он дараҷа болотар баранд ва бад-он миқдор, ки дар китоби «Ал-иқтисод фи-л-эътиқод» мазкур аст, бирасонанд. Ва он дар андозаи панҷоҳ варақ аст ва сухан дар ӯ аз назар кардан дар «Қавоиди ақоид» берун намешавад ва ба дигар мабоҳиси мутакаллимон намерасад. Пас, агар он вайро басанда бошад, даст аз ӯ бибояд дошт. Ва агар бад-он шифо наёбад, иллат музмин шуда бошад ва дард ғолиб гашта ва беморӣ сироят карда. Пас, табиб бояд, ки ба қадри имкон бо вай талаттуф кунад ва қазои Худойро дар вай чашм дорад, то [он ки] ҳаққро бар вай мункашиф гардонад ба танбеҳи Илоҳӣ ва илло шакку шубҳати вай истимрор пазирад, то бад-он чиз, ки барои вай мақдур аст.
Ва ин миқдор, ки дар он китоб аст ва ҷинси ӯ аз мусаннафот, он аст, ки ба суди он чашм тавон дошт.
Ва аммо он чи аз он берун аст, ду қисм аст:
Яке он ки баҳсест аз ғайри «Қавоиди ақоид», чун баҳс аз эътимодот ва аквон1 ва идрокот ва ҳавз дар он ки оё рӯъятро зидде ҳаст, ки онро манъ ё нобинӣ хонанд? Ва агар ҳаст, якест, ки он манъ аст аз кулли он чи дида намешавад ё ба адади ҳар яке аз он манъе аст? Ва дигар турраҳоти2 гумроҳкунанда.
Мутарҷим мегӯяд, ки баёни аквон ва эътимодот бар мусталаҳи мутакаллимон ин ҷо гуфта шавад, то хонандаро бар он вуқуф бошад бад-он, ки кавн будан ҷавҳарро гӯянд дар ҳаййиз3. Ва мутаахҳирони мутакаллимон будани ҷав-
1 Аквон – (ҷамъи кавн), ҳастиҳо.
2 Турраҳа – сухани бефоида, бехуда, турраҳот - ҷамъ.
3 Ҳаййиз – дар фалсафа сатҳи ботинии (дарунии) ҷисми ҳовӣ, ки муноси сатҳи зоҳирии (бурунии) ҷисми маҳвӣ аст. Ибни Сино ҳаййизро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор