Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳарро дар ҳаййизи коинийят ном кардаанд ва мегӯянд, ки коинийят муаллал аст ба қавн ва қавн маъниест қоим ба ҷавҳаре, ки мӯҷиби коинийят аст. Ва баёни таҳқиқ ё ибтоли он мулоими ин мавзеъ натавонад буд. Ва эътимод чизеро гӯянд, ки индифоъи ҷавҳаре сӯи ҳаййизе иқтизо кунад. Ва идрокот зоҳир аст, чун дидан ва шунидан ва ғайри он. Ва чун тулоби «Эҳёи улум» ин заифро аз ин маъонӣ борҳо бипурсида буданд, дар ин тарҷума бар сабили эҷоз онро баён кард ва ба сухани мусанниф руҷӯъ намуд.

Ва дуввум он ки зиёдати такрир барои он далелҳост дар ғайри он қоидаҳо ва зиёдати суолҳо ва ҷавобҳо ва он низ дар ҳаққи касе, ки он миқдор вайро бас накунад, истиқсое аст, ки ҷуз гумроҳӣ ва нодонӣ наяфзояд, чӣ басе сухан аст, ки аз итноб ва такрир ғумузи он зиёдат шавад.

Суол: Дар баҳс кардан аз идрокот ва эътимодот фоидаи тез кардани хотираҳост. Ва хотир олати дин аст, чунон ки шамшер олати ҷиҳод, пас дар тез кардани ӯ боке набувад?

Ҷавоб: Ин сухан ҳамчунон аст, ки касе гӯяд: «Дар шатранҷ [169] бозӣ тез кардани хотир аст, пас ӯ аз дин бошад. Ва ин ҳавас аст бад-он ки хотир аз дигар илмҳои шаръ тез шавад ва дар он бими зиёне набошад.

Ва бад-ин сухан миқдори накӯҳида ва миқдори сутуда аз калом бишинохтӣ ва ҳолате, ки дар он накӯҳида бошад ва ҳолате, ки дар он сутуда ва шахсе, ки он манфаат гирад ва шахсе, ки манфаат нагирад, бидонистӣ.

Суол: Ҳар гоҳ, ки эътироф кардӣ, ки дар дафъи муб-

аъам аз макон медонад, зеро ҳаййиз шомили «вазъ» ҳам мешавад, масалан фалаку-л-афлок дорои ҳаййиз ва дар ҳаййиз аст ва дар макон нест, зеро варои он ҷисме нест, ки мумоси он бошад.

1 Индифоъ - радкардагӣ, дафъкардагӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ