Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

агар бидонед он чӣ ман медонам, ҳаройина андак хандед ва бисёр гириед. Ва кошкӣ, бидонистаме агар он сирре набудӣ, ки аз фош кардани он мамнӯъ буд — ё барои он ки фаҳмҳо аз дарёфти он қосир аст ва ё барои маънои дигар — чаро бо эшон нагуфт? Чӣ агар бигуфтӣ, бешак онро тасдиқ кардандӣ. Ва Ибни Аббос гуфт, агар тафсири «Аллоҳу-л-лазӣ халақа сабъа самовотин ва мина-л-арз мислаҳunna, ятаназзала-л-амру байнаҳunna» бигӯем, ҳаройина маро сангсор кунанд. Ва дар ривояти дигар: «Ҳаройина бигӯянд, ки ӯ кофир аст». Ва Пайғамбар — алайҳи-с-салом — гуфт: «Мо фаззалакум Абубакр бикасрати сиёмин ва салотин, валокин бисиррин вақара фӣ садриҳӣ». Ва ҳаройина он сирр тааллуқ ба қавоиди дин дошт ва аз он берун набуд. Ва он чӣ дар қавоиди дин бошад, зоҳири он бар ғайри ӯ пӯшида намонад.

Ва Саҳли Тустарӣ гуфт: «Олимро се навъ илм бошад: яке илми зоҳир, ки аҳли зоҳирро мабзул дорад ва дуввум илми ботин, ки изҳори он ҷуз бар аҳли он нашрояд. Ва севвум илме, ки миёни ӯ ва Худоӣ бошад, ки бар ҳеҷ кас зоҳир накунанд». Ва баъзе орифон гуфтанд: «Фош кардани сирри Рубубият куфр аст». Ва баъзе аз эшон гуфтанд: «Рубубиятро сиррест, агар зоҳир карда ояд, нубувват ботил шавад». Ва нубувватро сирре ҳаст, ки агар кашф афтад, илм ботил гардад. Ва олимони Худойро сиррест, ки агар зоҳир кунанд, аҳком бутлон пазирад. Ва ин гӯянда бад-ин сухан, агар бутлони нубувват — дар ҳаққи зуафо ба сабаби кусури фаҳми эшон — нахостааст, пас он чӣ гуфтааст, ҳаққ нест, балки он чӣ дуруст аст он аст, ки сирри Рубубиятро бо нубувват муноқаза нест ва комил он аст, ки нури маърифати ӯ нури вараъро мунтафӣ нагардонад. Ва мадраки вараъ нубувват аст.

Суол: Дар ин оёту ахбор таъвилотро маҷол аст, пас

пешина
аз 567
навбатӣ