Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

кайфияти ихтилофи зоҳиру ботин баён бояд кард, чӣ ботин агар мутаноқизи зоҳир бошад, ибтоли шариат иқтизо кунад. Ва ин қавли он тоифа аст, ки гӯянд: «Ҳақиқат хилофи шариат аст» ва он куфр аст. Зеро ки шариат иборат аст аз зоҳир ва ҳақиқат иборате аз ботин. Ва [ботин] агар муноқиз ва мухолиф набошад, бад-он инқисом зоил шавад1. Ва шаръро сирре набошад, ки онро фош накунанд, балки пӯшида ва рӯшан яке бувад*.

Ҷавоб: Бидон, ки ин суол рукне азимро меҷунбонад ва ба илмҳои мукошафа мерасонад ва аз мақсуди илми муомалат, ки ғарази ин китобҳост, берун мешавад, чӣ ақоиде, ки ёд кардем, аз аъмоли дилҳост ва мо мутааббидем бад-он чӣ онро ба қабул талаққӣ кунем ва тасдиқ намоем ба бастани дил дар он, на бад-он чӣ васлате созем, ки ҳақоиқи он моро мункашиф шавад, ки ҳама халқро он таклиф нафармудаанд. Ва агар ин ақоид аз аъмол набудӣ, онро дар ин китоб наёвардаме. Ва агар на он астӣ, ки он аъмоли зоҳири дил аст, на аъмоли ботини ӯ, дар нимаи аввал аз ин китоб эрод накардаме. Ва кашфи ҳақиқӣ набошад магар сифати сирри дил ва ботини ӯ. Валекин чун сухан бад-он мақом расид, ки таноқузи зоҳиру ботин тахайюл мешавад, чора набошад аз сухане мӯҷаз дар ҳалли он. Чӣ он кас, ки мегӯяд «Ҳақиқат мухолифи шариат аст ё ботин муноқизи зоҳир», ӯ ба куфр наздиктар аз он аст, ки ба имон. Бал асроре, ки муқаррабон ба дарёфти он махсусанд – ва бештари мардумон дар илми [он] мушорики эшон наанд ва эшон аз фош кардани он имтиноъ менамоянд – руҷӯи он ба панҷ қисм аст:

Қисми аввал он ки чизе дар нафси худ дақиқ бошад ва бештари фаҳмҳо аз дарёфти он оҷиз. Пас ҳавосс ба дарёфти он махсус бошанд ва бар эшон воҷиб, ки онро бо

1 Дар нусхаи Маҷлис: ва агар муноқиз ва мухолиф набошад, пас ботин айни зоҳир бувад ва бад-он инқисом зоил шавад.

пешина
аз 567
навбатӣ