Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва дар ин мақом арбоби мақолотро исроф ва иқтисод аст: Тоифае дар рафъи завоҳир исроф намудаанд ва ҳамаи завоҳир ё бештари онро тағйир карда, то ба ҳадде, ки ин оёт – қавлуҳу таъоло – «Ва тукаллимуно айдиҳим ва ташҳаду арҷулуҳум»1 ва қавлуҳу – азза ва ҷалла – «Ва қолу лиҷулудиҳим лима шаҳидтум алайно қолу антақана-л-Лоҳу-ллази антақа кулла шайин»2. Ва ҳамчунин хитобҳо, ки аз Мункар ва Накир равад ва дар тарозу ва ҳисоб ва мунозараи аҳли оташ ва аҳли биҳишт, дар он чи гӯянд «Афизу алайно мина-л-мои»3, ҷумларо бар забони ҳол ҳамл кардаанд.
Ва тоифае дигар дар бастани ин дар ғулув ва муболағат намудаанд – ва яке аз эшон Аҳмади Ҳанбал аст – то ба ҳадде, ки таъвили «кун файякун»-ро ҳам манъ кардаанд ва гуфта, ки он хитобе ба ҳарфу савт аст, ки дар ҳар лаҳзае ба адади ҳар офаридае аз Борӣ таъоло мавҷуд шавад, то ба ҳадде, ки аз баъзе асҳоби вай шунидам, ки ӯ мутлақан дари таъвил бубастааст, магар дар се лафз. Қавлуҳу – алайҳи-с-саллом: «ал-Ҳаҷару-л-асваду [178] ямину-л-Лоҳи фи-л-арзи» ва қавлуҳу: «Қалбу-л-мӯъмини байна усбуъайни мин асобиъи-р-Раҳмон» ва қавлуҳу: «Инни лааҷиду нафаса-р-Раҳмони мин ҷониби-л-ямани». [Ва арбоби зоҳир ба бастани ин дар майл кардаанд].
Ва гумон дар ҳаққи Аҳмади Ҳанбал он аст, ки ӯ медонист истиво ва нузул истиқрор ва интиқол нест, валекин аз таъвил манъ кардааст, то он дар баста гардад ва салоҳи халқ маръӣ монад. Зеро ки агар дар кушода ояд, аз забт берун шавад ва аз ҳадди иқтисод бигузарад, чи ҳадди иқтисодро забте набошад. Ва дар ин манъ боке нест ва сирати салаф шоҳиди он аст, чи эшон мегуфтанд: «Бигузаронед
1 Ёсин, 36:65.
2 Фуссилат, 41:21.
3 Аъроф, 7:50.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор