Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

онро чунон ки омадааст»¹. То ба ҳадде, ки чун Моликро – разия-ллоҳу анҳу – аз истиво пурсиданд, гуфт: «Истиво маълум аст ва кайфияти он маҷҳул ва имон ба он воҷиб аст ва суол аз он бидъат».

Ва тоифае миёнаравӣ ихтиёр карданд ва дар он чӣ тааллуқ ба сифоти Ҳаққ таъоло дорад, дари таъвил бигушоданд ва он чӣ ба охират мутааллиқ аст, бар завоҳир бигзоштанд ва аз таъвили он боздоштанд. Ва эшон ашъариёнанд.

Ва мӯътазила аз ҳадди эшон даргузаштанд ва аз сифоти Ҳаққ таъоло рӯъятро ва самъӣ ва басир будани Ӯ низ таъвил карданд. Ва дар меъроҷ ҳам ба таъвил ҳавз намуданд ва гуфтанд: «Он ба тан набуд». Ва азоби гӯр ва тарозу ва сифот ва ҷумлае аз аҳкоми охират ҳам таъвил карданд. Валекин ба ҳашри аҷсом эътироф намуданд ва иқрор оварданд, ки биҳишт ҳаст ва муштамил аст бар маъқулоту машрубот ва лаззатҳову манкуҳот ва дӯзах ҳаст ва муштамил аст бар ҷисме маҳсуси сӯзанда, ки пӯстҳоро бисӯзад ва пайҳоро бигудозад.

Ва бад-он чӣ [эшон] то бад-ин мақом тараққӣ намуданд, фалосифа [дар] иқдом ва иқтиҳом бияфзуданд ва кулли онро, ки дар охират омадааст таъвил карданд ва гуфтанд: «Дардҳо ва лаззатҳо ақлӣ ва рӯҳонӣ хоҳад буд». Ва ҳашри аҷсодро мункир шуданд ва гуфтанд: «Нуфус боқӣ хоҳад монд – иммо дар азоб ва иммо дар неъмат – ки он ҳар дуро ба чашм натавон дид». Ва ин ҷамоат андаке исроф кардаанд.

Ва ҳадди миёнаравӣ миёни ин ифрот ва тафрит чунон борик ва пӯшида аст, ки бар он мутталеъ нашаванд, магар аҳли тавфиқ, ки корҳоро ба нури Илоҳӣ дарёбанд, на ба шунидан. Пас, асрори корҳо чун эшонро мункашиф шавад, чунон ки ҳаст дар самъиёт ва лафзҳое, ки ворид шудааст,

¹ Дар Шарҳи Забидӣ: (амарруҳо) ай ал-алфоза-л-воридата фи-л-Китоби ва-с-суннати (камо ҷоат).

пешина
аз 567
навбатӣ