Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

назар фармоянд. Он чӣ мувофиқи он бошад, ки эшон ба нури яқин мушоҳада кардаанд, онро муқаррар доранд ва он чӣ мухолиф, онро таъвил кунанд.

Аммо касе, ки маърифати корҳо аз самъи муҷаррад гирад, қадами ӯро қароре набошад ва ӯро дар он мақоме муайян нашавад. Ва чун бар самъи муҷаррад иқтисор намояд, лоиқтар бад-ӯ мақоми Аҳмади Ҳанбал аст.

Ва акнун ҳадди миёнаравӣ дар ин корҳо пайдо кунем ва парда аз он бардорем, чӣ истиқсои он дохили илми мукошафа аст ва сухани он дароз аст, дар он ҳавз накунем [179]. Ва ғараз он буд, ки тавофуқи ботину зоҳир ва тахолуфи он баён кунем. Ва бад-ин панҷ қисм он мақсуд рӯшан шуд.

Ва чун ихтиёр кардаем, ки барои кулли авом бар тарҷумаи¹ ақидате, ки таҳрир кардаем, иқтисор намоем, чӣ эшон дар дараҷаи аввал ба ҷуз он мукаллаф наанд магар дар он ҳол, ки ба сабаби шоиъ шудани бидъат бими ташвиши эътиқод бувад ва лозим ояд, ки ба дараҷаи дуввум тараққӣ намоем. Ва он чунон бошад, ки далелҳои он ақида бар ваҷҳи ихтисор бе тааммуқ бигӯем, пас он далелҳо дар ин китоб эрод кунем ва бар он чӣ таҳрир кардаем барои аҳли Қудс ва онро «Рисолати кудсӣ»² ном ниҳода — иқтисор намоем. Ва он ин фасли севвум аст аз «Китоби қавоиди ақоид» дар лавомеи далелҳои ақоиде, ки онро баён кардаем. Ва бар ин ҷумла оғоз кунем.

пешина
аз 567
навбатӣ