Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
қудрати Ҳаққ таъоло ва иродат ва машияти Ӯ. Ва хайру шарр ва нафъу зарар ва ислому куфр маърифату накират¹ ва рашаду² ғавоят³ ва фавзу хусрон ва тоату исён аз Ӯст. Ва қазои Ӯро радкунандае ва ҳукми Ӯро бардорандае нест. Он касро, ки хоҳад, гумроҳ кунад ва он касро, ки хоҳад, роҳ намояд. Эътироз бар Вай ворид нашавад ва бар ҷуз Вай мутаваҷҷеҳ бувад. Ва аз роҳи нақл иҷмои уммат бар калимаи «Мо шоа-л-Лоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун» дар ин масъала далел аст. Ва қавли Ҳаққ таъоло: «Ан лав яшоу-л-Лоҳу лаҳада-н-носа ҷамиъан»⁴. Ва қавли Ӯ: «Ва лав шиъно лаотайно кулла нафсин худоҳо»⁵. Ва аз рӯи ақл далел он аст, ки ҷурму маъсият агар ба иродати Ҳаққ таъоло набошад, бар вифқи иродати Иблис, ки душмани вай аст, бувад. Пас, корҳои бар вифқи иродати душмани Худой беш аз он бувад, ки бар вифқи иродати Худой. Ва мусулмон чӣ гуна раво дорад, ки Ҷаббори зулҷалолро ба мартабае бозорад, ки агар риёсати заими деҳе дар он мартаба бошад, аз он нанг дорад? Чӣ агар муроди душмани заим дар деҳ беш аз он истимрор пазирад, ки муроди заим, ҳаройина аз он зиомат анфат кунад ва аз он риёсат безорӣ талабад. Ва маълум аст, ки маъсият бар халқ ғолиб аст ва кулли он наздики мубтадеон бар хилофи иродати Ҳаққ таъоло аст. Ва ин ғояти заъф ва ниҳояти аҷз бошад. «Таъоло раббу-л-арбоби ан қавли-з-золимина улувван кабиран»⁶. Ва ҳар гоҳ, ки зоҳир шуд, ки афъоли бандагон махлуқи Ҳаққ таъоло аст, дуруст шуд, ки муроди Вай аст.
¹ Накират – нашинохтан.
² Рашад – ба роҳи рост шудан, ҳидоят шудан.
³ Ғавоят – гумроҳ шудан.
⁴ Раъд, 13:31.
⁵ Саҷда, 32:13.
⁶ Бартар аст раббу-л-арбоб аз гуфтаи ситамгарон Бартарии бисёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор