Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Суол: Чӣ гуна боздорад аз чизе, ки муроди Вай аст? Ва чӣ гуна фармояд чизе, ки муроди Вай нест?

Ҷавоб: Амр ғайри иродат аст ва ин сухан ба мисоле рӯшан шавад. Ва мисол он аст, ки чун хоҷае бандаи худро адаб кунад ва султон ба ҷиҳати он бо вай итоб фармояд [191] ва хоҷа узри худ бар ин ҷумла тақрир кунад, ки бандае нофармонбардор аст ва султон вайро устувор надорад ва ӯ хоҳад, ки ҳуҷҷати худ зоҳир гардонад бад-он чӣ бандаро коре фармояд ва ӯ дар он мухолафат намояд. Пас, дар ҳузури султон бандаро фармояд, ки асп зин кун! Ва ӯ дар ин ҳол омир бошад бад-он чӣ имтисоли он нахоҳад1, чӣ агар омир набошад, узри ӯ наздики султон мумаҳҳад2 нашавад ва агар имтисол хоҳад, ҳалоки худ хоста бувад ва ин муҳол аст.

Асли чаҳорум

Он ки Ҳаққ таъоло ба халқ ва ихтироз мутафаззил аст ва ба таклифи бандагон мутатаввил3 ва халқу таклиф бар вай воҷиб нест. Ва мӯътазила гуфтаанд воҷиб аст, барои он ки маслаҳати бандагон дар он аст. Ва ин муҳол аст, чӣ мӯҷибу омир ва ноҳӣ Ӯст. Пас, чӣ гуна қобили эҷоб бошад ва дар маърази лузуму хитоб ояд? Ва мурод ба воҷиб яке аз ду кор бошад: иммо феъле, ки дар таркӣ он зарар бувад ё оҷил4, чунон ки гӯянд бар банда тоати Ҳаққ таъоло воҷиб аст, ва ё оҷил5, чунон ки гӯянд бар ташна об хӯрдан воҷиб аст, то намирад.

1 Дар матни арабӣ: фаҳува яъмуруҳу би мо ло юриду имтисолаҳу.
2 Мумаҳҳад – омода, ҳамвор.
3 Мутатаввил – меҳрубоникунанда, мунъиму некӯкор.
4 Оҷил – (бо ҳарфи «ъ» «о») оянда, дероянда, бо мӯҳлат, муддатдор, зидди оҷили бо ҳарфи «айн».
5 Оҷил – (бо ҳарфи «айн») шитобкунанда, шитобанда, бе мӯҳлат, сареъ, зидди оҷили бо ҳарфи «ъ» «о».

пешина
аз 567
навбатӣ