Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Асли шашум Он ки Ҳаққ таъолоро расад, ки бе ҷурми собиқ ва савоби лоҳиқ бандагонро илом ва таъзиб фармояд, ба хилофи мӯътазила. Зеро, ки тасарруф дар мулки худ мекунад [192] ва сурат небандад, ки тасарруфи Ӯ аз мулки Ӯ даргузарад.
Ва зулм иборатаст аз тасарруф дар мулки дигаре ва он дар ҳаққи Худой муҳол аст, чи ғайри Ӯро мулке нест, то тасарруфи Ӯ дар он зулм бошад. Ва далел бар ҷавози он вуҷуди он аст, чи забҳи баҳоим иломи эшон аст. Ва он чи аз анвои азоб бад-эшон мерасад аз одамиён, ҷурме бар он собиқ набудааст. Ва агар гӯянд: Борӣ таъоло эшонро ҳашр фармояд ва подош диҳад бар андозаи аламҳое, ки бад-эшон расидааст ва ин бар Ҳаққ таъоло воҷиб бувад. Гӯем: ҳар кӣ чунин гӯяд, ки бар Ҳаққ таъоло воҷиб аст зинда кардани ҳар мӯрчае, ки дар зери пой омадааст ва ҳар пашшае, ки ба даст молида шудааст, то вайро бар аламҳо подош диҳад, аз шаръу ақл берун рафта бошад. Ё гӯем: мурод аз гуфтани он чи ҳашр ва савоб воҷиб аст, агар он аст, ки Ӯ ба тарки он мутазаррир шавад, муҳол аст ва агар маъние дигар аст, пеш аз ин гуфтаем, ки мафҳум нест, чи аз маъниҳои воҷиб берун аст.

Асли ҳафтум Он ки бо бандагони худ он чи хоҳад кунад ва риояти аслаҳи бандагон бар вай воҷиб нест, барои он ки ёд кардаем, ки бар вай чизе воҷиб нест, бал вуҷуб дар ҳаққи Ӯ маъқул набошад, чи Ӯ аз он чи кунад, масъул набувад.

Ва ё лайта1 бидонаме, ки мӯътазилӣ чӣ ҷавоб гӯяд бар қоидаи риояти аслаҳ аз масъалае, ки бар вай фарз хоҳем кард. Ва он масъала он аст, ки мунозарае дар охират фарз кунем, ки кӯдаке ва болиге ҳар ду мусулмон вафот карданд ва Ҳаққ таъоло болигро бар кӯдак фазл дод ва ба мазиди дараҷот махсус гардонид бад-он чи дар имон ва иқомати тоат пас аз булуғ ранҷҳо таҳаммул карда буд – ва ба наздики мӯътазила ин маънӣ бар Ҳаққ таъоло воҷиб аст.
Пас, агар кӯдак гӯяд: «Ё Рабб, чаро дараҷоти вай зиёдат аз дараҷоти ман аст?» Ҷавоб ин бувад, ки ӯ ба булуғ расида буд ва дар тоат муҷоҳада карда. Ва кӯдак (гӯяд): «Ту маро дар кӯдакӣ миронидӣ ва бар вай ба дарозии умр тафаззул фармудӣ ва бар ман на ва воҷиб буд, ки ҳаёти ман доим дорӣ, то ба булуғ расам ва дар тоат муҷоҳада кунам. Пас, ин чӣ кардӣ, муқтазои адл набуд!» Ва ҷавоби ин он бошад, ки дониста будам, ки агар ба булуғ расӣ, ширк орӣ ё маъсият кунӣ ва аслаҳи ту он буд, ки дар кӯдакӣ вафот кунӣ – ин узри мӯътазили аст, ки аз барои Ҳаққ таъоло тақрир кунад – ва чун сухан ин ҷо расад, кофирон аз даракоти дӯзах фарёд бароранд ва гӯянд: ё Раббано, оё надониста будӣ, [ки агар] мо ба булуғ расем, ширк орем? Пас чаро дар кӯдакӣ моро намиронидӣ? Чи мо ба кам аз [манзалат]-и ин кӯдаки мусулмон розием. Пас ҷавоби эшон чӣ бошад? Ва чун сухан бад-ин мақом расад, ҳеҷ воҷиб шавад ҷуз қатъ кардан бад-он чи корҳои Худой мутаъолӣ аст ба ҳукми ҷалол, аз он чи санҷида шавад ба мизони аҳли эътизол.

1 Ва эй кошкӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ