Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Суол: Ва агар гӯянд, ҳар гоҳ, ки бар риояти салоҳи бандагон қодир бошад, пас асбоби азоб бар эшон мусаллат [193] гардонад, қабеҳ бошад ва лоиқи ҳикмат набувад.

Ҷавоб: Гӯем: қабеҳ он бошад, ки мувофиқи гаразе набувад. Ва чизе ба наздики касе қабеҳ бошад ва ба наздики ғайри ӯ ҳасан, чи гарази якеро мувофиқ бошад ва гарази дигареро мухолиф, то ба ҳадде, ки куштани шахсе наздики дӯстони ӯ қабеҳ бошад ва наздики душманони ӯ ҳасан. Пас, агар ба қабеҳ он мехоҳанд, ки мувофиқи гарази Худой набувад, ин муҳол аст, чи вайро қараз нест. Ва қабеҳ аз вай сурат набандад чунон ки зулм сурат набандад, чӣ мумкин нест, ки тасарруфи Ӯ дар мулки ғайр бошад. Ва агар ба қабеҳ он мехоҳед, ки мувофиқи ғарази ғайр набвад, чаро мегӯед, ки он муҳол аст ва ин ҷуз муҷарради ташаҳҳӣ¹ нест, чӣ мунозарае, ки фарз кардаем, ба хилофи ин шоҳид аст. Ва низ ҳаким он бошад, ки олим бувад ба ҳакоиқи чизҳо ва қодир бар аҳқоми феълҳо бар вифқи иродати худ ва ин аз чӣ рӯй риояти аслаҳ воҷиб кунад? Ва ҳаким аз мо риояти аслаҳ накунад магар барои нафси худ, то бад-он дар дунё сано ва дар охират савоб ёбад ё аз нафси худ бад-он офате ва заҳматеро дафъ кунад. Ва кулли он бар Ҳаққ таъоло муҳол аст.

Асли ҳаштум

Он ки маърифати Худой ва тоати Ӯ ба эҷоби Худой ва шаръи Ӯст, на ба ақл, ба хилофи мӯътазила. Зеро ки ақл агар тоат воҷиб кунад, аз ду берун набошад; ё бефоида воҷиб кунад ва ин муҳол аст, чӣ ақл эҷоби абас накунад ва ё барои фоидае ва ғаразе. Ва он фоида иммо ба маъбуд бозгардад ва ин муҳол аст, чӣ Ӯ аз ағроз ва фавоид муназзаҳ аст, бал куфру имон ва тоату исён дар ҳаққи Ӯ яксон аст ва иммо ба ғарази банда бозгардад ва ин ҳам муҳол аст, чӣ вайро дар ҳол фоидае нест, бал ба сабаби он ранҷ мебинад ва аз шаҳватҳо бозмемонад ва дар маол нест магар савоб [ва иқоб]. Ва аз куҷо тавондонист, ки Борӣ таъоло ба сабаби маърифат ва тоат савоб диҳад ва укубат нафармояд, бо он чӣ тоат ва маъсият дар ҳаққи Ӯ мутасовӣ аст, чӣ вайро сӯи яке аз он майл нест ва ба яке аз он ихтисос на? Ва тамйизи [ин ба шаръ] дониста мешавад ва хато бошад, ки дар ин боб холиқро бар махлуқот қиёс кунад, чӣ махлуқро дар сипосдорӣ иртиёх² ва эҳтизоз ва лаззат бошад ба хилофи

¹ Ташаҳҳӣ — майлу рағбат доштан ба чизе, орзуманди чизе шудан.
² Иртиёх — шодмонӣ.

пешина
аз 567
навбатӣ