Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
нисбат ба шариат набуда, баръакс аз дониши амиқи вай дар ин илм ва таҳлилҳои ҳамаҷонибааш дарак медиҳад, ки ӯро ба ин ақида овардааст, то ин ки мавқееро интихоб намояд. Болотар аз ин вай хеле хуб дарк мекард ва медид, ки мадрасаҳои динӣ ба ҷуз аз фақеҳ ва мутакаллимпарварӣ дигар коре надоранд. Аз ин рӯ, мутаффакир савол мекард, ки агар рӯй овардан ба фиқҳ ва ба омӯзиши он пардохтан «воҷиби кифоя» бошад, магар омӯзиши фиқҳи ботин ва илми ахлоқ «воҷиби кифоя»-и дигар нест? Чӣ сабаб аст, ки «фиқҳи сағир» (хурд) ҷою мақоми «фиқҳи кабир»-ро танг кардааст ва ҳеҷ касе ба сӯи он майл надорад?
Ривоҷ ёфтан ва паҳн гаштани фиқҳ аз нигоҳи мутафаккир, ин рушду пешравӣ ва такомули диндорӣ набуда, балки равнақи дунёдорӣ мебошад. Дар робита ба ин Ғаззолӣ савол медиҳад, ки агар соликони тариқаи фиқҳ, ба ростӣ роҳи динро ҷӯянд магар омӯзиши ботини худ, хабар ёфтан аз офоти зирақию маккориҳои нафсу шайтон роҳи дин нест? Дар ҷавоб ба ин саволаш меорад, ки илм ба аҳкому аҳволи сабр, шукр, ризо, зӯҳд, қаноат, саховатмандӣ, сидқу вафо, ихлос, инчунин ифроти ин сифатҳо, ки бахилӣ, ғазаб, риё, кибр, макр, хиёнат ва ғайраҳо мебошанд барои фатво додани уламои охират «воҷиби айнӣ» аст. Бо таассуф Ғаззолӣ зикр месозад, ки агар имрӯз аз олимони фақеҳ шарҳи яке аз мафҳумҳои ба мисли «ихлос» ё «таваккул» ё «парҳез»-ро пурсӣ онҳо дар ҷавобаш мушкилӣ мекашанд, ҳоло он ки донистани ин масъалаҳо барои онҳо «воҷиби айнӣ» буда, надонистан ва даст кашидан аз ин фазилатҳо сабаби ҳалокати дунёи охирати чунин уламо хоҳад гардид. Агар аз онҳо дар бахши сабақҳои дарсӣ ва лаънат задан пурсӣ чандин бобҳо ба ту хоҳад хонд, ки умуман касе ба ин гуфтаҳои онҳо дар зиндагӣ мӯҳтоҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё