Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

рифи зарар]-и мутаваққаъ бошад. Чи ақл ҳидоят накунад бад-он чи аз иттибои шаҳавот пас аз марг зараре бошад. Ин аст маънии шаръ ва ақл ва таъсири эшон дар такрири воҷиб. Ва агар бими уқубат набошад бар тарқи фармон, вуҷуб собит нашавад, чи воҷибро маъние нест магар он чи дар тарқи ӯ зиёне бошад дар охират.

Асли нӯҳум Он ки баъси анбиё – алайҳиму-с-салом – муҳол нест, ба хилофи бароҳима, ки гуфтаанд: «Дар баъси эшон фоидае нест, чи ақл басанда аст». Ва ин сухан ботил аст, зеро ки ақл ба корҳое, ки мӯҷиби наҷоти охират бошад ҳидоят накунад, чунон ки бадоруҳое, ки сабаби сиҳҳат бошад, роҳ нанамояд. Ва ҳоҷати халқ ба пайғамбарон ҳамчунон аст, ки ҳоҷати эшон ба табибон. Валекин сидқи табиб ба таҷриба тавон донист ва сидқи пайғомбар ба мӯъҷиза.

Асли даҳум
Он ки Ҳаққ таъоло Муҳаммадро – алайҳи-с-салавоту ва-с-салом – ба рисолат фиристодааст ва хотами анбиё карда ва носихи он чи пеш аз Ӯ буд аз шариатҳои ҷуҳудон ва тарсоён ва [собиён] ва ба мӯъҷизоти зоҳира ва оёти боҳира муайяд гардонида, чун шикофтани моҳ ва тасбеҳи санг ва сухан гуфтани ҷонварони ғайринотиқ ва равон шудани об аз миёни ангуштон. Ва аз оятҳои зоҳир, ки бо кулли араб бад-он таҳаддӣ фармудааст, Қуръон аст. Чи эшон бо он чи дар фасоҳату балоғат мутамаййиз буданд, худро дар маърази куштан ва ғорат оварданд ва муораза наёрастанд кард. Чи дар қудрати одамиён нест, ки ҷазолати Қуръон бо назми он фароҳам оранд, бо он чи муштамил аст бар ахбори

1 Таҳаддӣ – ба набард хондан.
2 Куштан ва ғорат ба дасти ёрони Расули акрам (салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам).

пешина
аз 567
навбатӣ