Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
пешиниён, бо он ки уммӣ буд ва китобҳо нохонда ва ихбор аз магибот дар корҳое, ки сидқи он дар мустақбал муҳаққақ шуд, чунон ки омадааст: «Алиф, лом, мим. Ғулибати-р-Рум. Фӣ адна-л-арзи (ал-оят)»1.
Ва ваҷҳи далолоти муъҷиза бар сидқи пайғамбарон он аст, ки ҳар чӣ башар оҷиз аз он аст, ҷуз феъли Ҳаққ таъоло набувад. Ва чун он ба таҳаддии пайғамбар [195] пайваста бувад, ба масобати тасдиқ бошад аз Ҳаққ таъоло2. Ва мисоли ин он аст, ки марде дар пеши подшоҳе истода бар раъияти вай даъво кунад, ки ман расули ин подшоҳам ба шумо ва дар аснои он подшоҳро гӯяд: агар ман дар ин сухан содиқам се бор бар хилофи одати худ қиём фармоӣ ва он подшоҳ бар вифқи илтимоси ӯ се бор қиём фармояд. Ҳамаи ҳозиронро илми зарурӣ ҳосил ояд, ки ин ҳаракат аз подшоҳ дар масобати тасдиқи вай бувад.
1 Рум, 30:1 то 3.
2 Дар ҳукм он бошад, ки Ҳаққ таъоло пайғамбарро тасдиқ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор