Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
гирд ба гирди вай будандӣ, нашунидандӣ ва надидандӣ. Ва чизе аз илми вай мӯҳит нашавад магар бад-он чи хостааст1. Пас, чун эшонро самъ ва рӯъят наёфаринад, идрок накунанд.
Асли севвум
Азоби гӯр аст ва шаръ бад-он ворид аст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ан-нору юҳразуна алайҳо ғудувван ва ашийян ва явма тақуму-с-соату адхилу ола фирҷавна ашадда-л-азоб»2. Ва машҳур аст аз Пайғомбар - алайҳи-с-салоту ва-с-салом - ва аз салафи солеҳ, ки аз азоби гӯр истиозат3 кардандӣ ва он мумкин аст. Пас, тасдиқ бад-он воҷиб бошад. Ва тафарруқи аҷзои мурда дар шиками дадагон ва ҳавсалаи4 мурғон монеи тасдиқ набушад, чи дарёбандаи алами азоб аз ҳайвон ҷузвҳои махсус аст ва Ҳаққ таъоло қодир бар он чи идрокро дар он иодат фармояд.
Асли чаҳорум
Тарозу аст. Қола-л-Лоҳу таъоло: «Ва назау-л-мавози-на-л-қиста»5. [196] Ва қола: «Фаман сақулат мавозинуҳу»6. Ва ваҷҳи ӯ он аст, ки Ҳаққ таъоло дар саҳифаҳои аъмол вазне пайдо орад бар андозаи дараҷоти аъмол дар ҳазрати Ҳаққ таъоло. Ва мақодири аъмоли бандагон эшонро маълум шавад, то адл дар азоб ва фазл дар афв ва тазъифи савоб зоҳир гардад.
Асли панҷум
Сирот — ва он пулест мамдуд ва бар матни оташ, бо-
1 «Ва ло юҳӣтуна бишайин мин илмиҳи илло бимо шоъ». (Бақара, 2:255, аз «Ояту-л-курсӣ»).
2 Ғофир, 40:46.
3 Истиозат – паноҳ хостан.
4 Ҳавсала – чинадон, жогар.
5 Анбиё, 21:47.
6 Мӯъминун, 23:102.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор