Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

суҳонака ва биҳамдика ло илоҳа илло анта, амилту сӯан ва заламту нафсӣ астағфирука ва атубу илайка фағфирлӣ ва туб алайя иннака анта-т-таввобу-р-раҳим, аллоҳумма-ҷ-ҷалнӣ мина-т-таввобина, ваҷъалнӣ мина-л-мутатаҳҳирина, ваҷъалнӣ мин ибодика-с-солиҳина, ваҷъалнӣ сабуран шакуран, ваҷъалнӣ азкурука касиран ва усаббиҳука букратан ва аси-лан».

Ва омадааст, ки ҳар кӣ ин дуо пас аз вузу бигӯяд, об-дасти вайро ба хотаме мӯҳр кунанд ва бардоранд ва зери Арш баранд, пас ҳамеша тасбеҳу тақдис мегӯяд ва савоби он то рӯзи қиёмат барои вай менависанд.

Ва дар обдаст ин корҳо макрӯҳ аст: зиёдат аз се бор макрӯҳ аст шустан ва дар об исроф кардан. Пайғомбар — алайҳи-с-салоту ва-с-салом — сегон бор обдаст кард ва гуфт: «Ман зода фақад залама ва асоа». Ва гуфт: «Саяқуну қавмун мин ҳозиҳи-л-уммати яътадуна фи-д-дуъои ва-т-туҳури». Ай, гурӯҳе хоҳанд буд аз ин уммат, ки дар дуо ва обдаст аз ҳадд бигзаранд. Ва гуфтаанд: «Аз сустии илми мард бувад, ки дар таҳорат ба об мувлаъ1 бошад». Ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Оғози васваса аз таҳорат бувад». Ва Ҳасан гуфт, ки девест, ки дар обдаст бар мардумон би-хандад, [231] ӯро Валҳон гӯянд». Ва афшондани даст аз об ва миёни обдаст сухан гуфтан, ва рӯйро ба об задан ва тои-фае нашфи обро кароҳият доштаанд. Ва гуфта, ки вузуро вазн кунанд. Ва ин қавли Саиди Мусайяб ва Зуҳрӣ [аст]. Валекин Муоз ривоят кардааст, ки Пайғомбар — алайҳи-с-салом - рӯйи худро ба тарафи ҷома масҳ кард. Ва аз Оиша омадааст, ки Пайғомбарро дасторрӯйе2 буд. Валекин дар ин ривоят таън кардаанд. Ва аз ованди рӯйин обдаст кар-дан ва аз обе, ки ба офтоб гарм шуда бошад. Ва ин каро-ҳият аз роҳи тиб аст. Ва аз Ибни Умар ва Бӯҳурайра — ра-

1 Мувлаъ — озманд ва ҳарис гардонида шуда ба чизе.
2 Дасторрӯй — дастмол.

пешина
аз 567
навбатӣ