Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

ҚИСМИ СЕВВУМ

АЗ НАЗОФАТ ДАР ТАНАЗЗУФ
АЗ ФАЗАЛОТИ ЗОҲИР

Ва он ду навъ аст: шӯхҳо¹ ва ҷузвҳо.

НАВЪИ АВВАЛ Шӯхҳо ва рутубатҳо, ки мутарашшеҳ шавад ва он ҳашт аст:

Аввал он ки дар мӯйи сар аз хоз² ва шупуш фароҳам ояд, таназзуф аз он ба ғусл ва шона ва равған барои изолати васах³ мустаҳаб аст. Ва Пайғомбар – салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам – ҳар ду рӯзе мӯйро равған ва шона кардӣ ва дигаронро ҳамчун фармудӣ. Ва гуфтӣ: «Идҳинӯ ғиббан». Ва гуфтааст: «Ман кона лаҳу шаъратун фалюкримҳо». Ай, ҳар киро мӯйест, бояд ки онро аз шӯх нигоҳ дорад.

Ва марде дар хидмати Пайғомбар омад ва мӯйи сар ва маҳосини ӯ шӯрида ва колида⁴ буд. Фармуд: «Амо кона [лиҳозо] дуҳнун юскину биҳи шаъраҳу?» Ай, инро равған набуд, ки мӯйро бад-он [235] бинишондӣ? Пас гуфт: «Ядҳулу аҳадукум кааннаҳу шайтонун». Ай, яке аз шумо дармеояд чунонастӣ, ки дев аст.

Дуввум он чи дар гӯш фароҳам ояд, он чи аз он зоҳир бошад ба масҳ зоил шавад ва он чи дар қаъри сӯрох бувад ба вақти берун омадан аз гармоба онро ба рифқ пок бояд кард, ки бисёрии он ба шунавой зиён дорад.

Севвум он чи даруни бинӣ бошад аз рутубатҳои баста ва ба атрофи он пайваста ва онро истиншоқ ва истинсор зоил кунад.

¹ Шӯх – чирк, чирки бадан, чирки либос.
² Хоз – чирк.
³ Васах – чирк, шӯх.
⁴ Колида – жӯлида.

пешина
аз 567
навбатӣ