Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ҳафтум шӯҳе, ки дар сарҳои ангуштон ва зери нохун буд. Арабро дар ҳар вақт² нохунпирое ҳозир набудӣ ва шӯҳ дар он ҷамъ шудӣ. Пайғомбар барои чидани нохун ва натфи зери бозӯ ва ҳалқи она1 чиҳил рӯз ба вақт кард2. Валекин фармуд, ки зери нохун пок доранд.

Ва дар асар омадааст, ки Пайғомбарро ваҳӣ дертар расид. Ва чун Ҷабраил биёмад, фармуд ки чӣ гуна ваҳӣ бар Шумо нозил шавад ва Шумо бандҳои ангуштон намешӯед ва зери нохунон пок намедоред ва зардии дандон ба мисвок пок намекунед? Уммати худро бифармой, то ин чизҳо ба ҷой оранд – ва «уф» шӯхи нохун аст ва «туф» шӯхи гӯш – ва Ҳаққ таъоло гуфт: «Вало такул лаҳумо уффин». Ай, ба шӯх нохуни эшонро айб макун. Ва дар қавли дигар: аз эшон мутааззӣ машав, чунон ки аз шӯхи нохун мутааззӣ шавӣ.

Ҳаштум васахе, ки дар ҳамаи тан бувад аз ҳавӣ ва гарди роҳ. Ва изолати он ба гармоба бошад. Ва дар рафтани гармоба боке нест. Саҳоба – разия-л-Лоҳу анҳум – дар гармобаҳои Шом рафтаанд. Ва баъзе гуфтаанд: «Ниъма-л-байту-л-ҳаммоми ютахҳиру-л-бадана ва юзкиру-н-нора». Некӯ хонаест гармоба: танро пок гардонад ва аз оташ ёд диҳад. Ин сухан аз Бӯдардо ва Бӯайюби Ансорӣ ривоят кардаанд. Ва баъзе гуфтаанд: «Биъса-л-байту-л-ҳаммоми юбдиъу-л-аврата ва юзҳибу-л-ҳаёъа». Ва ин баёни офати вай аст. Ва аз талаби фоидаи он боке набошад, чун аз офати он эҳтироз карда шавад. Валекин бар касе, ки дар гармоба равад, воҷибот ва сунан аст.

Ва воҷиб бар ӯ чаҳор чиз аст: ду дар аврати худ ва ду дар аврати дигаре.

Аммо дар аврати худ он ки аз назари дигаре онро сиёнат кунад ва аз бисудани дигаре эҳтироз намояд ва изолати васахи он ҷуз ба дасти худ раво надорад. Ва қоимро3 аз молидани рон ва он чи миёни сурра4 ва она аст, манъ кунад.

1 Ҳалқи она – сутурдани мӯи зиҳор (мӯи зери ноф).
2 Вақт таъйин кард.
3 Қоим – даллок (касе, ки дар гармоба мардумро киса мекашад ва шустушӯ медиҳад).
4 Сурра – ноф.

пешина
аз 567
навбатӣ