Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
кард ва махсусан афкору суханони фалсафаро зери у рӯ кард ва фалсафаро ба ранги аҷиб намоиш дод».
Бе муболиға ин шоҳмарди ҷаҳони хираду маърифат тавонист бо нобиғаи илмии хеш олимон ва донишмандону шоирони на танҳо замони худ, балки асрҳои баъдинаро низ ба зери нуфузи фикриаш қарор диҳад ва ҳамагонро пойбанду шайдои осору каломи хеш намояд. Гарчанде ки Ғаззолӣ дар асри панҷуми ҳиҷрӣ мутобиқ ба асри ёздаҳи мелодӣ зуҳур намуд, лекин то чанд қарни баъд ҳар чӣ олимон ва донишмандон омаданд, аксаран ровиёни осори ӯ буданд. Мо аз баландиҳои аввали қарни бисту як нуфузи илмӣ ва фиkрии Ғаззолиро дар осору таълифоти донишварони баъдии Шарқу Ғарб ба хубӣ намоён ва ошкор мебинем.
Бе шубҳа метавон гуфт, ки ба фаъолияти илмӣ, ҷаҳонбинӣ, осору таълифот ва иқдомҳои варзидаи Ғаззолӣ баҳо додан кори осон ва саҳл набуда, бидуни таҳлилу омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи зиндагиномаи вай ва китобҳои бетакрораш ин баҳо сатҳӣ ва ғаразнок хоҳад буд. Ҳаққ бар ҷониби муҳаққиқи курдӣ Муҳаммад Солеҳи Саъидӣ аст, ки фармудааст: «Ба ростӣ худро камтар аз он медонам, ки дар бораи шинохти Ҳуҷҷатул-ислом Имом Муҳаммад Ғаззолӣ забони қосири худро ба сухан бикушоям ва дасти ларзону қалами шикастаи хешро ба ҳаракат дароварам, то чӣ расад ба шиносондани ин нобиғаи бузурги Шарқу Ғарб ва мутафаккири номвари ҷаҳони ислом, чаро ки шинохтан ва шиносондани мардони бузурги ҷаҳон, кори ҳар касе ва фарохӯри ҳар фаҳми норасое ва дар қудрати ҳар хомаи нотавоне нест, балки шиносоии аҳволи риҷоли бузург танҳо барои касе муяссар аст, ки бо бузургон синҳият дошта ва ҳамрози даруни пурсӯзу гудози онон бошад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё