Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Умуман метавон хулоса кард, ки номи калом ва фалсафа дар феҳристи илмҳои нек ва бади (маҳмуду мазмум) «Эҳёу улуми-д-дин» наомадаанд, зеро Ғаззолӣ хуб медонист, ки набудани ин илмҳо дар феҳристи илмҳо ҷонибдорони онҳоро озурда хоҳад кард. Аз ин рӯ, худи вай барои бартараф кардани он эродгирӣ ва айбҷӯӣ ба таври қатъӣ ва ҳатмӣ зикр месозад, ки сирри наовардани номи фалсафа дар миёни дигар илмҳо ин аст, ки фалсафа барои худ илми мустақиле нест.

Ҳамин аст, ки дар табақабандии илмҳояш муносибати вай бо файласуфон, чуноне ки зикр сохтем, ба мисли фақеҳон ва аҳли калом мебошад. Вай фалсафаро дар табақабандии илмҳояш ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки "фалсафа ҷудогона илм нест"1. Яъне, фалсафа ба маънои илми алоҳида даъвои илмӣ карда наметавонад, чунки ба қавли Ғаззолӣ вай маҷмӯи ҷузвҳои ҷаҳоргона мебошад:

Якум – ҳандаса ва ҳисоб, ҳардуи онҳо "мубоҳ" мебошанд, лекин манъ нестанд. Ба маънои дигар ҷоиз ва раво мебошанд.

Дуввум - мантиқ ва он "баҳс аст аз далел ва ҳадду шартҳои ҳарду дар илми калом дохил аст"2.

Севвум - Илоҳиёт ва он "баҳс аст аз зоти Худой ва сифоти Ӯ. Ва он дохили калом аст. Ва фалсафа дар он ба намати (васила, равиш-А.Ш.) дигар аз илми мунфарид наанд, бал ба мазҳабҳо, ки баъзе аз он куфр аст ва баъзе бидъат мунфариданд. Чунон ки эътизол илми ҷудо нест. Бал асҳоби ӯ гурӯҳе аз мутакаллимон ва аҳли баҳс ва назаранд, ба мазҳабҳои ботил мунфарид, пас фалсафа ҳамчунон аст"3.


1 Ғаззолӣ. Эҳёи улуми-д-дин. Рубъи ибодот. – С. 64.
2 Ҳамон ҷо. – С. 65.
3 Ҳамон ҷо. – С. 64.

пешина
аз 567
навбатӣ