Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

бар забон меронанд, ҷомаҳои зебо бар тан намуда, ба сафарҳои зиёд мебароянд ва аз гардиши одамон дар атрофашон ба ваҷд омада, ба ростӣ гумон мебаранд, ки касе ҳастанд ва ба ҷову мартабае расидаанд.
Дареғо, - мегӯяд ӯ, «ҳама умури динӣ сусту табоҳ шудаанд, магар тасаввуф, ки пок нобуд шудааст»¹.

Ғаззолӣ ин қабил сӯфинамоёнро сӯфӣ намешумурд, зеро ба қавли вай, агар имкони мавҷуд будани чунин сӯфиҳои фосиқ бошад ва онҳоро ҷомеаи исломӣ қабул намоянд, пас мавҷуд будани сӯфиёни кофир ва фақеҳи яҳудӣ низ дар ин ҷомеа тасаввурпазир хоҳад буд. Ин «сӯфинамоён», ба андешаи мутафаккир, ҳатто ҳақ надоранд аз молу мулки хонақоҳҳо истифода намоянд, зеро ин молу мулк ба сӯфиёни ростин, ки «солеҳ ва одиланд» тааллуқ доранд, на ба ин шикамхораҳои риёкор, ки бо ном худро аҳли сӯфия медонанд, вале дар асл «тазвир мефурӯшанд»².

Агар «сӯфиёни фосиқ» номаъқулу риёкор бошанд, аз назари Ғаззолӣ «сӯфиёни олим» кадомҳоянд? Оё шахсе, ки таҳсили илм намуда, дар хонақоҳҳо ба сулуки суфиёна машғул мегардад, ҳақ дорад худро «суфӣ» биномад ва аз молу мулки хонақоҳҳо истифода кунад? Зеро, чи тавре ки аз гуфтаҳо ва мавқеи пешгирифтаи Ғаззолӣ бармеояд масъала аз доираи ва раҳгузари арзишҳо ва низоми ахлоқӣ берун баромада, ба низоми манъу ҷазои фиқҳӣ қадам мениҳад. Ин шакли масъалагузорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки робитаи «илм» ва «тасаввуф» дар даврони Ғаззолӣ то куҷо норавшан будааст.

Ғаззолӣ дар «Китоби ҳалолу ҳаром» аз «Рубъи
ибодот» зимни таҳлили «масъалаҳои мутафаррика» чунин

пешина
аз 567
навбатӣ