АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
ХУЛОСАҲОИ УМУМӢ ВА ТАВСИЯҲО
Самаранок ба роҳ мондани ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълиму тарбия барои ноил гардидан ба дониш, маҳорат ва малакаи зарурӣ марбут ба тарбияи миллӣ, фарҳангӣ ва расидан ба мақсадҳои олии таълиму тарбия заминаи устувор мегузорад.
Ҷалби хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба рушди зеҳнии забон ва нутқи хаттию шифоҳии онҳо нақши муҳим бозида, асос мегузорад.
Ҳамзамон, истифодаи роҳ ва усулҳои таълиму тарбия, ки ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ вобаста мебошад, бояд омодасозии омӯзгорро ҳамчун симои асосӣ дар раванди омӯзиши воқеӣ ва ба насли наврас ба мерос мондани дониш, фарҳанг, ахлоқи ҳамида, ватандӯстию ифтихори миллӣ, ки бо адабиёт, фарҳанг, санъат ва таърихи ниёгони мо тавъам аст, таъмин намояд.
Айни замон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи тарбияи миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳангоми кор бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои дарки муҳиммияти он диққати ҷиддӣ равона намудан ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад. Аҳаммияти он дар донишандӯзӣ, ахлоқи ҳамида, зебоипарастӣ ва ҷаҳони фарохи маънавии хонандагон зоҳир мегардад.
Дар таълими анъанавӣ набудани тадбирҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, додани донишҳои тайёр, набудани ҷустуҷӯи мустақилонаи донишҳо, хонандагонро ба фориғболӣ, андеша накардан, мустақилона амал накардан бурда мерасонад. Азбаркунии бешуурона (қоидаҳо) бидуни маънидод ва шарҳи донишҳои азбарнамуда раванди таълими забони модариро душвор намуд. Омӯзгорон дар раванди дарсҳо аксар вақт масъулиятро бар души худ мегирифтанд ва ба кори мустақилонаи хонандагон чандон аҳаммияти ҷиддӣ намедоданд.
Дар таълими анъанавӣ бештар диққати асосӣ ба таълими назариявӣ нигаронида шуда буд, аз ин лиҳоз, мустақилияти хонандагон чандон равшан ба назар намерасид.
Айни замон фаъолияти эҷодии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ рушд ёфта, сатҳу сифати дониши хонандагон рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст.
Вазъи ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнӣ ва нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳои забони модарӣ рӯ ба беҳбудӣ овард. Истифодаи методҳои гуногун, воситаҳо ва маводи дидактикӣ ба рушди зеҳн ва нутқи хонандагон таъсири мусбат расонид.
Ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба дастрасӣ ва истифодаи самараноки аёнияту воситаҳои техникии муосир вобаста мебошад.
Тавассути воситаҳои техникӣ ва технологияи навин истифода намудани матнҳои таълимӣ ба ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ рушд бахшида, иҷрои фаъолияти мақсадноки машқҳо ба хотири рушди зеҳнии хонандагон корбаст гардиданд.
Яке аз роҳҳои вусъат бахшидан ба фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мустақилона иҷро намудани бозиҳои дидактикӣ аст. Нақши онҳо дар иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар мисоли байтбаракҳо, иҷрои нақши мутахассисони касбу кори гуногун, сафарҳои хаёлӣ ба минтақаҳои гуногуни диёр, иҷрои нақши қаҳрамонҳои асарҳои бадеӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шуданд. Баҳсу мусоҳибаҳои гуногун, муҳокимаи натиҷаи фаъолияти мустақилонаи таълимии кӯдакон бо иштироки худи онҳо, хондани шеъру хикояҳои кӯдакони синф ва баҳодиҳии худи кӯдакон ба эҷодашон низ аз муҳимтарин шаклҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба ҳисоб мераванд.
Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳниии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба маҳорати касбии омӯзгор вобаста буда, дар ташаккули сифатҳои маърифатии хонандагон нақши арзанда дорад.
Дар ҷараёни таҳқиқот муайян кардем, ки хонандаи хурдсол дар баробари омӯхтани асосҳои методии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ, асосҳои илмӣ, ахлоқӣ, зебопарастӣ, дарккунӣ ва дигар намудҳои тарбиявиро аз худ мекунад. Аз руйи таҳлилҳо ва натиҷагирӣ мо ба хулосае омадем, ки самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагони хурдсол ба шавқу ҳавас, эҷодкорӣ, ҷустуҷӯ ва муқоисаву мушоҳидакории худи хонанда вобаста мебошад, ҳарчанд дар амалӣ гардидани ин намуди фаъолият, албатта, нақши омӯзгор дар мадди назари аввал меистад.
Барои ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони хурдсол, омӯзгор бояд барои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ шароити мусоид фароҳам оварда, байни дигар фаъолиятҳои таълимӣ зарурат ва мавқеи онро муаайян кунад.
Омӯзиши корҳои илмии педагогони ватанию хориҷӣ моро ба хулосае овард, ки дар раванди донишандӯзӣ фаъолияти мустақилонаи хонандагон ҷойгоҳи махсусро касб намуда, барои инкишофи ҳаматарафаи ҳар як шахс муҳим мебошад. Ба шахс имконият медиҳанд, ки маҳорати бомантиқ андеша кардан, дарёфт кардани ҳалли масъалаҳоро дар ҳолатҳои гуногун, ҷамъу ба тартиб овардани донишҳо ва ташхиси баланди худро дар худинкишофдиҳӣ ва худмуайянкунӣ доро бошад.
Мо дар таҳқиқоти худ асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоиро мавриди таҳқиқ қарор дода, ба хулосаҳои зерин омадем:
1. Дар раванди дарс набудани тадбирҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ, додани донишҳои тайёр, набудани ҷустуҷўи мустақилонаи донишҳо, дар хонандагон фориғболиро тарбия карда, сабаби асосии косташавии малакаи ҷустуҷўӣ ва эҷодкории талабагон мегардад [5-М].
2. Азбаркунии бешууронаи қоидаҳо бидуни маънидод ва шарҳи донишҳои азбарнамуда раванди таълими забони модариро душвор мегардонад.
3. Истифодаи асбоби аёнӣ ва маҷмўи маводҳои дидактикӣ ба дастрасии таълим мусоидат мекунад [2-М].
4. Омўзгорон дар раванди дарсҳо аксар вақт масъулиятро бар души худ гирифта, ба кори мустақилонаи талабагон на ҳамеша аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
5. Дар раванди дарсҳо истифодаи методҳои гуногуни таълимӣ ва маводҳои дидактикӣ ба фаъолияти мустақилонаи омўзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагон таъсири мусбӣ мерасонд.
6. Масоили қабулгардидаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи маориф “, ки дар он самтҳои асосии фаъолияти миллӣ, бадеӣ, меҳнатӣ, илмӣ зикр гардидааст, барои дар рўҳияи ватандўстию сифатҳои миллӣ таълим ва тарбия кардани талабагон мусоидат мекунад.
7. Дар хонандагон рушд додани қобилияти ҷустуҷўи ва эҷодкорӣ.
8. Дар раванди машғулиятҳои забони модарӣ маҳорат ва малакаи тафаккури эҷодӣ ва мустақилонаи таълимии талабагон рушд ёфта, вусъати шавқу рағбати забондонӣ, инкишофи нутқи бошуурона, фикр карда хондан, навиштан, гўш кардану фаҳмидан ва фаҳмида изҳори афкору ақида кардани онҳо ташаккул меёбад [4-М].
9. Ҳангоми иҷрои супориши фаъолияти мустақилонаи таълимӣ қобилияти зеҳнии талабагон ба ҳисоб гирифта мешавад.
10. Фаъолияти мустақилонаи таълимӣ давоми мантиқии фаъолияти умумӣ ё гурўҳӣ буда, ба фаъолияти мустақилонаи инфиродӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон вақти муайян вобаста ба душворӣ ва содагии матну супоришҳои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ барои талабагони аълохон, аълохону хубхон ва хубхону миёнахон муайян карда шуд.
11. Барои мушаххас шудани мақсаду вазифаҳои раванди ташаккули малакаи фаъолияти мустақилона дар омўзиши забони модарӣ оид ба мафҳуми сифатҳои маърифатӣ хонандагон бояд фаҳмиши амиқ дошта бошанд, чунки масъалаи донистани хусусиятҳо, маҳоратҳо ва синну соли хонандаи хурдсол дар назарияи педагогика ва психология яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад [6-М].
12. Ба назар гирифтани душворӣ ва содагии супоришҳои фаъолияти мустақилонаи таълимӣ барои аълохонҳо, аълохонҳову хубхонҳо ва хубхонҳову миёнахонҳо.
13. Хусусияти синну солии кўдакони синни мактаби он аст, ки онҳо барои амаликунонии орзуи ҳамеша дар ҷидду ҷаҳд мебошанд. Аз ин рў, фаъолияти мустақилона аҳамияти махсус дошта, ба ташаккулёбии сифатҳои маърифатӣ ва манфиатҳои шахсӣ, касбию иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад. 14. Одат кунонидани талабагон барои иҷрои кори мустақилона.
15. Мо метавонем якчанд вазифаҳои усулҳои интерактивии таълимотро пешниҳод кунем, ки ба ташаккул ва рушди фаъолияти мустақилонаи таълимии хонандагони хурдсол равона шудаанд. Аз ҷумла: а) ҳангоми истифодаи роҳу усулҳои интерактивӣ дар таълим, фаъолияти мустақилона ва кўшишу ғайрати хонандагон меафзояд. б) тафаккур мустақилона рушд карда, тавассути ҷустуҷў дар талабагон ҳисси масъулиятнокӣ ва худмуайянкунӣ инкишоф меёбад. в) дар раванди таълим ба мустаҳкамшавии муносибатҳои байнишахсӣ ва фаъолияти мустақилонаи таълимӣ оварда мерасонад. г) фаъолияти мустақилонаи омўзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагон хурдсол яке аз вазифаҳои муҳими баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии талабагони хурдсол дониста шавад.
16. Ба омўзгори кунунӣ танҳо интиқоли донишҳо ба хонандагон кофӣ нест.Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ин донишҳоро омўхта, онҳоро мустакилона дастрас карда, ба хонандагон интиқол диҳад [11-М].
17. Дар як дарс ё машгулият малакаи фаъолияти мустақилонаи омўзиши забони модариро ташаккул додан номумкин аст. Аз ин рў, ба омўзгорон лозим меояд, ки технологияҳои наву усулҳои навро дар ҷараёни таълиму тарбия истифода баранд.
18. Барои ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омўзиши забони модари дар ҷараёни таълиму тарбия истифода бурдани фаъолияти фардӣ, ҷуфтӣ ва гурўҳии хонандагон самарабахш мебошад.
19. Истифодаи техникаву технологияи навини даврони муосир барои самаранок гардидани фаъолияти мустақилонаи омўзиши забони модарӣ мусоидат мекунад [18-М].
20. Самаранокии истифодаи технологияи таълими интерактивӣ дар фаъолияти мустақилонаи таълимӣ ба бедории фикр,эҷодкорӣ, ҷустуҷўӣ ва ташаккули рушди зеҳн ва нутқи талабагон боис мегардад.
Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар фаъолияти амалӣ, таълимӣ ва таҷрбиявии муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.
Дар байни онҳо дарсҳои забони модарӣ мавқеи муҳим дорад, зеро таълими самараноки фанни мазкур боис ба азбаршавии фанҳои дигари таълимӣ мегардад [20-М].
Мазмуни таҳсилот метавонад ба самти инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ, тафриқаю муҳоҷират, васеъшавию зиёдшавӣ, тезонидани самти инкишоф ва асосҳои назариявию амалӣ равона шуда бошад.
Консепсияи самти умумии дигаргуниҳо дар мазмуни таҳсилот бояд нисбат ба коркарди нақшаҳои таълимӣ, барномаҳо, китобҳои дарсӣ, инчунин, ҳангоми интихоб аз шаклҳои васеи гуногуни нақшаю барномаҳо, ки дар бозори таҳсилот вуҷуд доранд, асос шуда метавонанд.
Роҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон меъёрҳои ташхиси пешакии дохили ҳар як лоиҳаҳои инноватсиониро вобаста ба мазмуни таълимот коркард карда дар амалия татбиқ карда метавонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё