АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
МУҚАДДИМА
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, бахусус, дар дарсҳои забони модарӣ барои муваффақ шудан ба ин сифатҳо фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқи хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва шароити кунунии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки имрӯз танҳо бо дониш мусаллаҳ будан кифоя нест. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониш, маҳорат ва малакаи худро дар амал истифода карда тавонистан яке аз омилҳои ба замони муосир мутобиқгардонии талабагон ба шумор меравад.
Пешрафти ҷомеаи муосир ба дастовардҳои сатҳи ҷаҳонии рушди бомароми соҳаи маориф пайванд буда, беҳтар ба роҳ мондани сифати таҳсилот ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳа вобаста мебошад.
Айни замон, беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имконият истифода карда, ба рушди соҳа аҳаммияти аввалиндараҷа дода истодааст. Яке аз тадбирҳои басо муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст) талаб менамояд, ки ба рушди малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, воқеӣ) диққати асосӣ дода шавад. Ҳангоми ба5 таълим муносибати босалоҳият намудан, аз саволҳои “Хонанда чӣ кор карда метавонад?”, “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” истифода бурдан лозим аст. Дар муносибати босалоҳият ба таълим дониш ҷузъи таркибии малака маҳсуб ёфта, барои санҷидан, муқоиса кардан (бо намуна) ва ислоҳи ғалатҳо истифода мешавад. Ҳангоми иҷрои кори мустақилона диққати асосӣ ба ҷиҳати амалии азхудкунии дониш, малака ва маҳорат равона шуда, мақсад омода кардани талабагон ба ҳаёти мустақилона мебошад. Барои ин ба назар гирифтани донишҳои заминавии хонанда зарур аст. Машқи амалӣ ва кори мустақилона ба сатҳи дониш ва қобилияти хонанда бояд мувофиқ бошад. Иҷрои кори мустақилона дар хонанда ҳавасмандиро ба вуҷуд оварад. Яъне, раванди дарсҳои забони модарӣ ба рушди бомароми зеҳнию нутқӣ мусоидат карда, талабагон барои аз худ намудани асосҳои дониш масъул бошанд.
Онҳо худро ҳамчун шахси арзанда ва аъзои коллективи синф ҳис кунанд.
Талабагон бояд мақсаднок ва ба таври мушаххас хонанд, нависанд, дар иҷрои кори мустақилона ба ҷустуҷӯ, кунҷковӣ ва эҷодкорӣ рағбат пайдо кунанд. Барои мустақилона омӯхтан ҳавасманд бошанд ва дар фаъолиятҳои таълимӣ, масалан, хондан, навишатан ва фаъолиятҳои дигари таълимӣ фаъол бошанд, аз варақаҳои машқу мисолҳо пайваста истифода баранд. Баъзан ба талабагон имконият дода шавад, ки барои хондан ва таҳлили китоби хондаашон омода бошанд. Дар таҳияи лоиҳавии китоби бадеӣ иштирок карда, китоби бадеиро барои хондан ва навиштан интихоб намуда, муносибати шахсии худро нисбат ба мазмуни он пешгӯйӣ карда тавонанд. Саволҳо таҳия намуда, дараҷаи фаҳмиши худро тавассути варақаҳои таҳлилӣ баланд бардоранд. Дар таҳлил ва муҳокимаи асари бадеӣ фаъолона иштирок намуда, андеша ва ақидаи худро ҳимоя намоянд.6
Масъалаи ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ яке аз вазифаҳои асосии мактаби муосир буд ва мебошад.
Н.К. Крупская ба кори мустақилона одат кунонидани талабагонро яке аз вазифаҳои муҳимми кори таълим дар мактаб шуморида, таъкид кардааст, ки «Одаме, ки худаш хонда наметавонад ва танҳо чизҳои омӯзгор гуфтаро аз худ мекунад, ноуҳдабарост ва лозим аст, ки насли наврасро тавре таълим диҳем, ки худаш мустақилона бо донишҳо мусаллаҳ гардад. Ин яке аз он вазифаҳоест, ки бояд мактаб ҳал кунад»
Сабаби ҳамчун мавзуи таҳқиқотӣ интихоб гардидани масъалаҳои ташаккули малакаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ он аст, ки ҳоло дар раванди дарс омӯзгорон ба кори мустақилонаи талабагон камтар диққат медиҳанд. Таҷриба ва мушоҳидаи фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорон собит сохт, ки омӯзгорон барои иҷрои кори мустақилона вақти зарурӣ ҷудо намекунанд, ҳангоми иҷрои супоришҳо ниёзмандии хонандагон ба назар гирифта намешавад.
Илмҳои педагогика ва психология исбот намудааст, ки агар ба хонанда имконияти интихоб намудан дода шавад, шавқу ҳаваси ӯ нисбат ба хондан, навиштан ва иҷрои фаъолияти дигари таълимӣ меафзояд, онҳо аз таҷрибаи бадастовардаашон руҳбаланд мегарданд.
Барои мустақилона хондан ва навиштан ба хонандагон вақт додан лозим аст. Агар дар раванди таълим барои амалӣ намудани қисматҳои дарс: ба хотир овардани мавзуи дарси гузашта, алоқаманд намудани дарси гузашта бо мавзуи нав, иҷрои кори мустақилона, натиҷагирӣ, хулоса ва ҷамъбасти дарс вақти зарурӣ ҷудо карда нашавад, натиҷаи хуб ба даст оварда намешавад.
Барои самаранок гардонидани раванди азхудкунии малакаҳои хондану навиштан дар як рӯз на камтар аз ду соат лозим аст. Дар ин лаҳза барои азхудкунии малакаҳо (ҳангоми иҷрои кори мустақилона) вазифаҳои таълимӣ ва дастурдиҳӣ лозиманд, то ки хонанда мустақилона фаъолият намуда, зери роҳбарии омӯзгор супоришҳоро дилпурона иҷро намояд.
Сатҳи коркард ва омӯзиши мавзуъ. Баъзе ҷанбаҳои тақвияти ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ аз ҷониби олимони шинохтаи ватанӣ ва хориҷӣ, аз қабили Саидрасул Сайдазизов, Мирзо Ҷаъфар, Мирзосаид Абдусалом, Муҳаммад Расулӣ, Саид Аҳмади Васлӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Ҳоҷимуин Шукруллозода, Исматулло Раҳматуллозода, Садриддин Айнӣ, А.Эшонҷонов, М.Шукуров, М.Раҳмонов, Ҳилол Каримов, М. Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев ва дигарон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар аҳди Шуравӣ назарияи дидактика ба таври боэътимод рушд ёфта буд. Олимони намоёни давр П.П. Блонский, С.П.Шатский, Л.С.Виготский, Н.А.Менчинская, Л.В.Занков, В.В. Давидов, Д.Б.Элконин, Н.С.Рождественский, Ш.А.Амонашвили, М.Н. Скаткин, В.В.Караевский, Ю.К.Бабанский, Н.И.Болдирев, М.И.Махмутов, В.С.Леднев ва аз ҷумлаи олимони тоҷик М.Лутфуллозода, Ф.Шарифзода, Б.Раҳимов, Х.Буйдоқов, У.Зубайдов, Қ.Қодиров, Ш.Шарофов, Х.Сабуров, А.Нуров, Ҷ.Шарифов ҳар яке ба қадри имкон ҷанбаҳои гуногуни мазмуни таҳсилотро дар самти фаъолияти мустақилона ҳамчун омили рушди зеҳн ва нутқи хонандагони хурдсол таҳқиқ намудаанд.
Аз ҷумла, муҳаққиқ Б.Т.Лихачев ҳамгиройии фанҳои таълимиро ҳамчун принсипи умумиметодологии ташаккули мазмуни таҳсилоти миёна шинохта, мегӯяд, ки “моҳияти хамгироии фанҳои мактабӣ аз он иборат аст, ки дар онҳо мазмунҳо, ақидаҳо ва омилҳои нисбатан калони илмҳои хешу наздик ба як фанни таълимӣ муттаҳид карда мешаванд.”
Солҳои 1932-1934 мактабҳои шуравӣ кори омӯхтани саводро аз рӯйи алифбои А.В.Янковский, ки дар асоси методи овозии аналитикӣ- синтетикӣ тартиб дода шуда буд, ба роҳ монданд ва ин метод соли 1 шакли расмӣ гирифт.
“Аз солҳои 1933 то солҳои 1985 китоби “Алифбо”-и Ҳ.Каримов ва аз солҳои 1986-2003 китоби “Алифбо”-и М.Лутфуллоев дар раванди таълиму тарбия истифода гардида, аз соли 2004 то имрўз китоби “Алифбо”-и М.Лутфуллоев ,Ф.Шарифзода, И.Абдуллоев дар асоси ҳамгиросозии хониш ва машқи хат мураттаб гардида, дар хизмати навомўзони тоҷик мебошад.”
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон доданд, ки иҷрои кори мустақилона талабаро барои зиндагии мустақилона омода менамояд. Аммо ташкил ва гузаронидани фаъолияти мустақилонаи хонандагон барои расидан ба ин ҳадаф басанда набуда, дар баъзе самтҳои ташкили фаъолияти мустақилонаи хонандагон норасоиҳо ҷой дорад.
Омӯзишу таҳлилҳо собит сохтаанд, ки барои рафъи норасоиҳо дар самти ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ба хотири рушди зеҳнию нутқии талабагони синфҳои ибтидоӣ баррасии масъалаҳои зерин муҳимманд:
- таҳлил ва арзёбии сифати нақша ва барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастур ва маводи дидактикӣ оид ба таълими забони модарӣ;
- дар робита ба имконоти зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷустуҷӯйи роҳҳои баланд бардоштани сатҳи салоҳиятмандии кадрҳои педагогӣ бо мақсади ташаккули фаъолияти мустақилона;
- тайёрии кадрҳои педагогӣ дар муассисаҳои олии касбӣ, дастовард ва камбудиҳо;
- ҷустуҷӯ ва дарёфти сабабҳои камбудиҳои мавҷуда ва роҳҳои рафъи онҳо;
- муайян кардани мақсад ва вазифаҳои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар раванди таълими забони модарии синфҳои ибтидоӣ;
- рушди малакаҳои тафаккури мустақилонаи омӯзишӣ;
- бедорсозии шавқу рағбати забондонӣ;
- инкишофи нутқи бошуурона;
- фикр карда хондан, навиштан, гӯш кардану фаҳмидан ва фаҳмида гуфтан, яъне дарку фаҳми маънии матн аз гуфтори дигарон;
-асоснокии методии интихоби шакл, мазмун ва намудҳои фаъолияти омӯзишии мустақилона дар раванди омӯзиши забони модарии синфҳои ибтидоӣ.
Робитаи таҳқиқот бо баронома ва мавзуъҳои илмӣ. Таҳқиқоти диссертатсионӣ дар доираи нақшаи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотии кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими фанҳои факултети омўзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2019-2023 дар мавзуи “Асосҳои методии ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии талабагони синфҳои ибтидоӣ” ва муқаррароти асосии “Барномаи таълим”-и барои солҳои 2020-2025 иҷро шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё