Зеҳн
Ишқи аввал

Китоби мазкур нахустмаҷмуаи шеърҳои шоираи ҷавон Зебои Хатлонӣ мебошад. Дар он эҳсосу андешаҳои лирикии муаллиф бо забони шеър ифода ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 27 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БИЁ, ЁРАМ...

Биё, ёрам,
Биёву гул бибӯй аз навбаҳорам.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри баҳорам.

Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишқу умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Баҳори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз ҷудоӣ ғусса дорам,
Бароят дар лабонам бӯса дорам.

Биё, ёрам,
Ки месӯзам ба ёди тобнокат.
Бидӯзам сӯзанӣ бо риштаи нур
Ба номи ишқи покат.

Биё, ёрам,
Ки чун шабнам ба рӯи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсораи ман.
Биё, ёрам,
Шунав овои қалби пораи ман.
Биё, ёрам,
Куҷоӣ ошиқи овораи ман?!

пешина
аз 27
навбатӣ