100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
мешуд, дар кулбаи даҳмардае ба даст афтод ва қариб ба ҳалокат мерасид. Вале аз дасти посбонҳо гурехт ва пинҳонӣ боз ба Аяччо баргашт. Жандармҳо пай бурда ба хонааш зада даромаданд. Аммо ба ӯ муяссар шуд, ки боз онҳоро фиреб диҳаду гурезад. Дар заврақе то Бастиа шино намуд, аз он ҷо ба модараш кӯтоҳ навишт: «Омода бош! Ин мамлакат на барои мост».
Ҳамон шаб Летисия бо бачаҳояш бо роҳи махфии зеризаминӣ манзилашро тарк кард. Бо азобе ба соҳил расиданд. Аллакай онҳоро он ҷо заврақ интизор буд. Пас аз як соат хонаашон тороҷ гашт. Ана ҳамин гуна Корсикаи меҳрубон гурезаҳоро гусел намуд. Наполеон таваҷҷӯҳи якобинсҳо, мухолифони ҳокимияти шоҳиро баъди пахши шӯриши роялистони Тулон, ҷонибдорони шоҳигарии Бурбонҳо, ба даст овард. Вай аз тӯпҳо моҳирона истифода бурд ва бо штурм теппаеро, ки шаҳр ва бандар аз он ҷо чун дар рӯи каф намудор буданд, ишғол кард. Ҳангоми амалиёт захм бардошт. Тулон ба инқилобчиён таслим шуд. Ин нахустин муҳориба ва ғалабаи Наполеон буд.
Барои гирифтани Тулон ҳукумати якобинсҳо ба капитан Бонапарт унвони генералиро арзонӣ дошт. Ин ҳангом ӯ ҳамагӣ 24-сола буд. Робитаи зич бо якобинсҳо ба Наполеон танҳо барои ояндааш зарур буд.
Ба штурми Тюилри менигарист, вале ба гӯшаи хотир ҳам роҳ намедод, ки тахти фаронсавӣ, ки ҳамин лаҳза аз он Людовики XVI сарнагун гашт, барои вай холӣ шудааст.
Карераи ҳарбии Наполеон барқосо боло мерафт. Дар ҳаёти шахсиаш низ тағйирот ба амал омад. Ӯ бо Жозефина Богарне, зани беваи генерал Богарне, ки бо ҳукми трибунали инқилобӣ сар аз танаш ҷудо карда шуда буд, ақди никоҳ баст. Барои ба висоли Жозефина расидан, ӯ ҳатто аз баҳри аввалин арӯсшавандааш Дезире Клари, ки баъдтар маликаи Шветсия ва Норвегия шуд, баромад.
Баъди тӯй Бонапарт зуд ба ҳайати артиши Италия рафт ва
соли 1796 фармондеҳи он таъин гашт. Солҳои 1796-1797 истеъдоди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё