100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Уқлидус
(Солҳои зиндагиаш тақрибан 365-300-и то милод)
Гуфтан метавон, ки Уқлидус (Евклид) на танҳо асосгузори фанни геометрия, балки тамоми илми математикаи давраи атиқа низ мебошад. Гузаштагони ӯ Фалес, Пифагор, Афлотун ва дигарон баҳри рушди геометрия нерӯи зиёди зеҳнӣ ба харҷ додаанд. Вале ҳамаи корҳои илмии онҳо ҷузъӣ буда, қолаби ягонаи мантиқӣ надоштанд. Ин ба Уқлидус муяссар гашт. Дар китоби худ «Мабдаъ» («Усул» (аслҳо) олим геометрияро ба тартиб овард ва ин асар геометрияи уқлидусӣ ном гирифт.
Одатан оид ба «Мабдаъ» мегӯянд, ки баъди Инҷил ин машҳуртарин ёдгории хаттии давраи қадим аст. Китоб таърихи басо шигифтангези ба худ хосеро дорост. Дар тӯли ду ҳазор сол вай китоби рӯйимизихонандагон буд, ҳамчун ибтидои фанни геометрия истифода мегашт. «Мабдаъ» маъруфияти беандозае дошт, аз он мирзоҳои зиёди заҳматпешаи бисёр шаҳру кишварҳои гуногун нусха бардоштаанд. Баъдтар «Мабдаъ» аз папирус ба пергамент, сипас ба коғаз кӯчид. Дар тӯли чорсад сол «Мабдаъ» 2500 мартаба, яъне ба ҳисоби миёна ҳар соле 6-7 бор нашр шудааст. То асри XX «Мабдаъ» на танҳо барои мактабҳо, балки барои донишгоҳҳо низ китоби асосии дарсӣ ба ҳисоб мерафт. Аз зиндагиномаи ин олими барҷаста то ба имрӯз қариб чизе маълум нест. То ба мо танҳо ривоятҳо расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё