100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
пешгӯӣ намуд. Ақидаи Маркс ба ғояҳои иҷтимоӣ ва таърихии ҷамъиятии охири асри XIX - аввали асри ХХ таъсири носутурдание гузошт.
Марксизм дар соҳаҳои фалсафа, иқтисодиёти сиёсӣ, илмҳои таърихӣ ва дар рушди минбаъдаи ғояҳои иҷтимоии садаи XIX гардиши инқилобие ба миён овард.
Назарияи арзиши изофа ба
қисми ҷудоинопазири иқтисодиёти
сиёсӣ, марксизм ба идеологияи
асосии ҳаракати коргарӣ табдил
ёфтанд.
Карл Маркс 5 майи соли 1818 дар шаҳри олмонии Трир, дар оилаи адвокати маъруф Генрих Маркс ба дунё омад. Падар қобилияти фавқулоддаи илмомӯзии писарро зуд дарк сохт ва ба рушди он пайваста мусоидат намуд. Карл қиблагоҳашро басо дӯст медошт ва ба ӯ арҷ мегузошт.
Модараш Генриетта Маркс зани оддии ҳолландие буд, тамоми умр баҳри ҳаёти осудаҳолонаи оилаи бузург дар ҳайати чор писару панҷ духтар мекӯшид.
Ба ғайр аз падар ба Маркс таъсири барон Людвиг фон Вестфален, падари ҳамсабақ ва завҷаи ояндааш, зиёд буд. Бори нахуст аз вай Карл дар хусуси таълимоти Сен-Симон, сотсиалист-хаёлпарасти барҷаста маълумот гирифт. Аз соли 1830 то 1835 Карл дар гимназияи Трир сабақ омӯхт. Аллакай ҳамон солҳо вай бештар ба худомӯзӣ машғул буд, реҷаи махсуси омӯзиш дошт.
Октябри соли 1835 Маркс ба риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Бонн шомил гашт. Вай на танҳо дар дарсҳои ҳуқуқ, балки дар машғулиятҳо оид ба адабиёт, эстетика, таърихи навтарини санъат низ ширкат меварзид. Вай узви фаъоли маҳфили шоирон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё