100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ақидаҳои коммунистии Маркс мукаммал шакл гирифтанд. Вай ба хулосае омад, ки бояд моликияти хусусӣ ба заводу фабрикаҳо ва замин барҳам хӯрад ва онҳо моликияти ҷамъиятӣ шаванд. Вақте ки истисмори одам аз ҷониби одам бартараф мегардад, мегуфт Маркс, бойгарии ҷамъиятӣ босуръат афзун мешавад, ҳолати иҷтимоии ҳамаи заҳматкашон боло меравад ва ҳар нафар метавонад лаёқати худро дар ин ё он соҳа пурра рӯйи кор орад.
Дар Париж Маркс соли 1844 маҷаллаи «Солномаи немисию франсавӣ»-ро созмон бахшид. Дар матолибе, ки барои ин нашрия менавишт, Маркс исбот менамуд, ки барои бунёди ҷамъияти коммунистӣ ҳатман инқилоби пролетарӣ зарур аст. Танҳо синфи коргар метавонад капитализмро вожгун сохта, ба аҳли заҳмат озодӣ бахшад. Дар «Солномаи немисию франсавӣ» мақолаҳои файласуфи ҷавон Фридрих Энгелс, писари соҳиби фабрика, ки дар Ингилистон мезист, низ ба хонандагон пешкаш мешуданд. Тирамоҳи соли 1844 вохӯрии Энгелс бо Маркс дар Париж ба вуқӯъ пайваст. Аз ҳамон айём дӯстии онҳо оғоз ёфт ва ба номи Маркс номи ҳамсафи бовафояш Энгелс абадӣ пайванд гашт.
Моҳи апрели соли 1846 ҳамақидаҳо навиштани асари дуҷилдаи «Идеологияи немис»-ро ба итмом расонданд. Дар «Идеологияи немис» бори нахуст фаҳмиши материалистии таърих ҳамчун таълимоти муташаккил ва том муфассал баён шудааст.
Фалсафаи иҷтимоии Маркс минбаъд дар пешгуфтори «Танқиди иқтисоди сиёсӣ», «Манифести Партияи Коммунистӣ», «Қашшоқии фалсафа», «Капитал» тақвият ёфт. Мувофиқи фалсафаи иҷтимоии марксизм «на шуури одамон ҳастии онҳоро муайян мекунад, баракс, ҳастии ҷамъиятии онҳо шуури онҳоро муайян менамояд».
Ба ақидаи Маркс ва Энгелс байни назарияи сотсиалистӣ ва ҳаракати коргарӣ пайвандгаре зарур буд ва ин пайвандгар ҳизб буда метавонист, ки онро синфи коргари бошууру пешқадам бояд созмон медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё