Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

он шакл гирифт, вале танҳо соли 1808 қисми аввали ин фоҷиаи бузург ба табъ расид. Қисми дуюмаш соли 1830 анҷом ёфт. Асари ҳайратангез пурра дар шакли як китоб соли 1833, пас аз як соли вафоти шоири шаҳир аз чоп баромад.

Достоевский, нависандаи барҷастаи рус, дар борааш Максим Горкий гуфтааст, ки нерӯи маҳорати эҷоди адабии ӯро танҳо метавон бо Шекспир қиёс кард. Достоевский азобу машаққати беҳудуди инсони хору таҳқиргаштаро дар эҷодиёти худ ба риштаи тасвир кашидааст.

Нависанда шахсан ба тарзи асарофариаш чунин ишора намудааст: «Ба зиндагии ҳақиқӣ, ба санъат назари махсуси худро дорам, он чизе ки ба дигарон фавқулодда ва шигифтангез аст, барои ман як чизи одиест. Ба назари ман, тасвири ҳаёти рӯзмарра ва назари рӯякӣ ба он ин ҳоло реализм нест, балки зидди он аст».

Достоевский дар асарҳояш нерӯи рӯҳшиноси бузург, камоли маърифати мутафаккир ва эҳтироси публитсистро тавъам намудааст. Дар эҷодиёти ӯ саҳнаҳои реалистии азобу машаққат бо нишонаҳои фалсафа, рақамҳои публитсистии рӯзномаҳо бо фантазия, категорияҳои мантиқию абстракт бо унсурҳои идроки бевоситаи ҳақиқат пайванд ёфтаанд.

пешина
аз 424
навбатӣ