100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
маҳфили Петрашевский, ки баҳри сарнагун сохтани давлати шоҳӣ мубориза мебурд, ҳабс карданд. 21 декабри соли 1849 нависандаро бо дигар маҳбусон ба майдони машқи Семёнов бароварда, бароишон ҳукми судро қироат карданд. Ҳаёти бадарғаии ӯ дар китоби «Ёддоштҳо аз дарбори мамот» хуб тасвир ёфтааст. Моҳи марти соли 1856 дар Кузнецк бо Мария Дмитриевна Исоева, зани бевамондае, ақди никоҳ баст. Оиладорӣ харҷи молии нависандаро афзун намуд. Бисёр вақт барои кӯмак ба дӯстон ва бародараш Михаил рӯи ниёз меовард.
Соли 1859 Достоевский афв шуд ва ба ӯ рухсат доданд, ки ба қисми марказии Русия баргардад. Вай ба Твер кӯчид. Соли 1860 баъди муроҷиатҳои пайваста ба ӯ иҷозат шуд, ки ба Петербург баргардад. Дар ин шаҳри соҳили Нева ӯ бо бародараш нашри маҷаллаи «Время»-ро ба роҳ монд. Романҳои нахустини калонҳаҷми «Хору таҳқиршудагон» ва «Ёддоштҳо аз дарбори мамот»-ро дар ин маҷалла ба чоп расонд. «Хору таҳқиршудагон» дар тӯли якчанд соли наздик панҷ маротиба нашр шуд.
Моҳи апрели соли 1864 завҷаи Достоевский, моҳи июн бародари ба ҷон баробараш Михаил вафот карданд. Аз ғаму андӯҳ ва аз дасти қарзхоҳон Достоевский ба хориҷа меравад. Дар Висбаден дар қиморхона тамоми боигариашро бой медиҳад. Баъди чанд муддат ин ҳолаташро дар повести «Қиморбоз» ба риштаи тасвир кашид.
Баъди сарсониҳои зиёд ба Петербург баргашта, ба навиштани китоби бузурги «Ҷиноят ва ҷазо» мепардозад. Роман, ки соли 1866 аз чоп баромад, дар байни хонандагон афкори мухталифро ба миён овард. Асари «Бародарон Карамазовҳо» дар адабиёти рус мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Китобҳои Достоевский рушди фалсафаи сарҳади асрҳои XIX-XX -и Русияро муайян кардаанд.
Дар охирҳои умр нависанда бисёр бемор мешуд. 28 январи соли 1881 Достоевский аз олам даргузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё