100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
тағйир додани асосҳои пӯшидаю бадахлоқонаи зиндагии крепостноиро надошт.
Аз ноком анҷом пазируфтани таҷрибааш навмед гашта, Толстой тирамоҳи соли 1847 аввал ба Маскав сипас ба Петербург меравад. Бародараш Николай, ки дар хизмати ҳарбӣ буд, аз Қафқоз меояд ва ӯро ба дидани ин сарзамин ташвиқ менамояд. Лев аз сафар ба Қафқоз гардан мепечад, аммо бохти бузурге дар қартабозӣ ӯро маҷбур месозад, ки нақшаашро тағйир диҳад. Тирамоҳи соли 1851 пас аз супурдани имтиҳонот дар донишгоҳи Тифлис ҳамчун юнкери батареяи 4-уми бригадаи артиллерии бригадаи 20-ум, дар стансиаи Сатрогладов, соҳили дарёи Терек, наздикии Қизляр ба хизмати ҳарбӣ пардохт.
Толстой дар ин гӯшаи дурдаст қалам ба даст гирифт ва соли 1852 ба идораи «Современник» қисми аввали асари сегонаи тарҷимаиҳолии «Бачагӣ»-ро фиристод. Некрасов, муҳаррири «Современник», аз мутолиаи қисса ба ваҷд омад, қалами эҷодгарро писандид ва бароиш номаи пурилтифоте навишт. Аз ин мактуб илҳоми нависандаи навқалам ба самои гуногунранг парвоз кард. Вай ба эҷоди қисмҳои минбаъдаи асари сегона дасту остин барзад. Дар сараш нақшаи офаридани асарҳои дигар тавлид меёфт.
Дар Қафқоз Толстойи афсар ду сол монд, дар ин муддат ҷон ба хатар ниҳода дар чандин задухӯрдҳои дар муҳити кӯҳистон ба вуқӯъ пайваста иштирок кард. Соли 1853 ҷанги Қрим аланга зад ва Толстой ба артиши Дунай гузашт. Вай дар муҳорибаи назди Олтенитса ва муҳосираи Силиствия ширкат варзид, аз ноябри соли 1854 то охири августи соли 1855 дар Севастопол буд. Лев Николаевич ҳамроҳи дигар муҳофизон тамоми даҳшат, маҳрумӣ ва азобу машаққати ин ҷангро аз сар гузаронд. Вай дар истеҳкоми пурфоҷиатарини рақами 4 ҷангид, дар муҳорибаи назди Черной ба батареяи гулӯлаандоз фармондеҳӣ кард, ҳангоми штурми баландии Қӯрғони Малахов зери бомбаборони шадид қарор гирифт. Толстой аз се яки «Ҳикояҳои Севастопол»:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё