100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ва сарпарасти омӯзишгоҳҳои халқии губернияи Тоболск Иван Павлович Менделеев ва Мария Дмитриевна Менделеева фарзанди 17-ум ва охирин ба ҳисоб мерафт. Ӯро модараш тарбия мекард, зеро падар пас аз таваллуди олими оянда бо чашмони хирагашта наметавонист кореро анҷом диҳад.
Мария Дмитриевна зане буд дорои ақли расо ва нерӯи бузург. Ӯ дар як вақт ҳам роҳбарии заводи шиша ва ҳам тарбияи бачаҳоро ба ӯҳда дошт.
Тирамоҳи соли 1841 Митя хонандаи гимназияи Тоболск буд. Тирамоҳи соли 1847 падар, пас аз се моҳ апааш Аполлинария аз дунё чашм пӯшид. Хониши Менделеев дар гимназия лоиқи таъриф набуд. Танҳо фанҳои риёзю физика диққаташро ба худ мекашиданд.
Баҳори соли 1849 Митя гимназияро хатм намуд. Модар ҳамаи амволашро фурӯхта аввал ба Маскав, сипас ба Петербург омад. Мақсади ягонааш ба донишгоҳ дохил кардани писари хурдӣ буд. Баъди такудави зиёди модар ӯ 9 августи соли 1850 расман донишҷӯи донишкадаи омӯзгории Петербург шуд. Он замон ин мактаби олӣ дар ду сол як маротиба донишҷӯ қабул мекард ва соли 1850 маъракаи қабул набуд. Аз ин рӯ Менделеев якбора ба курси дуюми факултети физикаю математика номнавис шуд. Моҳҳои аввал душворӣ мекашид, мустақилона дарсҳои дар соли пеш хондаи ҳамсабақонро меомӯхт. Ин ба саломатияш таъсири бад гузошт. Марги модар низ ба қалбаш зарбаи бедавое зад. Дмитрий то охири ҳаёт аз модар сипосгузор буд ва ҳамеша хотираашро дар ёд нигоҳ медошт.
Дар донишкадаи омӯзгорӣ он солҳо олимони варзидаи рус — риёзидон Остроградский, физик Ленс, кимиёшинос Воскресенский ва дигарон ба донишҷӯён асрори табиатро мекушоданд. Воскресенский ва профессори маъданшинос Куторга ба Менделеев пешниҳод намуданд, ки усули таҳлили маъданҳои ортит ва пироксени аз Финляндия овардаро кор карда барояд. Натиҷаҳои тадқиқоташро вай дар мақолаи «Таҳлили кимиёвии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё