Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ёфт. Ба ақидаи ӯ, вазни атомҳо дар бисёр ҳолатҳо нодуруст муайян шудааст. Аз ин рӯ баъзе элементҳо дар ҷойи худ қарор надоштанд. Дар асоси қонуни даврӣ Менделеев вазни атомии онҳоро тағйир дод ва ин элементҳо бо ҳамтоёнашон дар як саф ҷойгузин шуданд.

Дар як мақолааш, ки бо забони олмонӣ дар «АннахАҳ»-и ношир Либих ба табъ расид, Менделеев дар қисми «Истифо-даи қонуни даврӣ барои муайян намудани хосиятҳои элемен-тҳои ҳанӯз кашф нагардида» бештар мулоҳиза ронда, дар ху-суси се элементи химиявии ба илм номаълум — эка-бора, эка-алюминий ва эка-кремний маълумот медиҳад. Соли 1875 оли-ми фаронсавӣ Лекока де Буабодран элементи наверо кашф кар-да, ба он галлий ном ниҳод, вазнашро 4,7 нишон дод. Аз ин кашфиёт Менделеев воқиф гашт ва элементи нави химияви-ро дар лабораторияаш санҷида, муқаррар сохт, ки галлий ин ҳамон эка-алюминийи пешгӯикардаи вай аст ва вазни хосаш ба 5,9 баробар аст. Менделеев ба олим Лекока мактуб на-вишта, мегӯяд, ки галлийи кашфнамудаи ӯ ҳамон эка-алюми-ний аст, ки вай ҳанӯз соли 1869 пешгӯӣ карда буд. Ин кашфи-ёт номҳои Менделеев ва Лекока де Буабодранро дар миқёси дунё шуҳратёр намуд. Олимон аз комёбии ин ду нафар илҳ-ом гирифта, баҳри кашфи ду элементи боқимонда кӯшиданд. Соли 1879 профессор Ларс Фредерик Нилсон, омӯзгори до-нишгоҳи Шветсия, элементи наве ихтироъ намуд, ки ба эка-бораи Менделеев монанд буд. Ин элементи навро скандий ном ниҳоданд. Исботи навбатии пешгӯии Менделеев дар бай-ни олимони сайёра шуҳрати ӯро даҳчанд афзуд. Аммо дар оила худро танҳою бадбахт ҳис мекард. Рӯзе бо дугонаи му-аллимаи мусиқии духтараш Олга шинос шуд. Анна Ивановна Попова писандаш афтод. Ишқ ӯро аз доми яъсу ноумедӣ раҳо бахшид. Менделеев рӯз ба рӯз сӯҳбаторо, зиндадил, хуш-чақчақ мешуд. Анна нахост сабабгори барҳам хӯрдани оила гардад. Бинобар он ӯ сафари Италияро пеш гирифт. Дмитрий

пешина
аз 424
навбатӣ