100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ин силоҳҳои даҳшатбор бохабар гарданд. Баъди даргузашти Эйнштейн ин ҳаракати Пагуоширо файласуф ва физики барҷастаи инглис Б.Рассел сарварӣ кард. 18 апрели соли 1955, соати 1-у 25 дақиқа дили Эйнштейн аз тапидан монд. Касе сухан нагуфт, ҷасади олим дар крематорияи Юинг-Симтери ба коми оташ рафт, хокистарашро шамол ба дуриҳо рӯфта бурд.
Леонардо да Винчи
(Солҳои зиндагиаш
1452 -1519)
Леонардо да Винчи — идеали «одамони ҳамакора»-и давраи Эҳё.
Ӯ яке аз намояндагони бузургтарини санъати рассомии итолиёвии даврони Эҳё буда, ҳамчун суратгар, ҳайкалтарош, муғаннӣ, шоир, меъмор ва олим маъруф аст.
Назарияро бо амалия пайванд намуда ва аз васоили навтарин фоида бурда Леонардо да Винчи симои инсонеро офарид, ки он пурра ҷавобгӯи талаботи идеалҳои Таҷаддуди Олӣ буд. Табиати инсондӯстии вай дар тасвири зебоиҳои занона, махсусан дар мусаввараи «Мона Лиза» рӯшан тасвир ёфтааст.
Фаъолияти Леонардо да Винчи чун олим ва муҳандис дар
рӯи бисёр лоиҳаҳо, тадқиқоти таҷрибавӣ дар соҳаҳои риёзиёт,
илмҳои табиӣ ва механикӣ акс ёфтааст. Итолиёвии шӯҳратёр
ҳисси пешгӯиҳои фавқулоддаи техникиро соҳиб буд. Лоиҳаҳои
ӯ, ки бо сабаби набудани технологияи замонавӣ дар вақташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё