Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

хоначаи калисои Санто-Стефаноро барои истиқомат иҷора гирифта буданд. Христофор ба мисли падараш дар овони наврасӣ косибӣ мекард.

Маълум нест, ки ӯ дар куҷо таҳсил намуда бошад, аммо яқин аст, ки вай бо чор забон — итолиёвӣ, испонӣ, португалӣ ва лотинӣ хондаю навишта метавонист.

Эҳтимоли қавӣ меравад, ки аввалин саёҳати тӯлонии баҳрии Колумб ба солҳои 1473 ё 1474 мутааллиқ аст. Баҳори соли 1476 гузари Колумб ба Португалия меафтад. Дар Лиссабон вай дар байни генузӣҳо сарпаноҳ меёбад. Бо ёрии ҳамшаҳриҳо ба яке аз харитакашҳо шогирд меистад ва дар муддати кӯтоҳ ба комёбии назаррас ноил мегардад.

Колумб соли 1479 бо духтари Филипп Мониш ди Перестрелли, ҳокими ҷазираи Порту-Санту и Португалия ақди никоҳ мебандад. Аз ин никоҳ писари калонӣ Диего, вориси Колумб, соли 1480 ба дунё меояд. Чанд муддат Христофор бо завҷааш дар Порту-Санту ҳаёт ба сар мебарад. Сипас, то соли 1485 Колумб дар киштиҳои португалӣ ба тиҷорат, мураттабсозии харитаҳо ва худомӯзӣ машғул мешавад. Ӯ гоҳ дар Лиссабон, гоҳе дар ҷазираҳои Мадейра ва Порту-Санту зиндагӣ мекард.

Солҳои 80-ум ба сари Колумб идеяи бо самти ғарбии роҳи баҳрӣ аз Аврупо ба Ҳинд сафар намудан ҷой мегирад. Ба ақидаи ӯ ин роҳ камхарҷ, осон ва кӯтоҳ менамуд. Вай курашакл будани сайёраи Заминро ба асос гирифта мақсадашро иҷрошаванда мепиндошт.

Аз сабаби он ки шоҳи Португалия баҳри ҷомаи амал пӯшонидани ин мақсад ёрӣ нарасонд, соли 1485 Колумб ба Кастилия кӯч баст. Нахуст лоиҳаи худро Колумб ба асилзодаи кастилиявӣ, ҳерсоги Медика Сидония Энрик Гусман пешниҳод намуд. Сипас барои таҷҳизонидани се ё чор киштӣ маблағ дарёфт кардан ба асилзодаи дигари кастилиявӣ, ҳерсог Медина-сели рӯи ниёз овард. Ҳерсог барои гирифтани розигии дарбор

пешина
аз 424
навбатӣ