Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

махсус қайд намешуд. Танҳо дар китоби сабти мавледи кӯдакои калисои католикии Ремигияи муқаддаси шаҳри Бонн зикр ёфтааст, ки Людвиг Бетховен 17 декабри соли 1770 ғусли таъмид гашт. Аз ин мебарояд, ки ӯ як ё ду рӯз пештар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Солҳои 1774 ва 1776 дар оилаи муғаннии дарбор боз ду тифл тавлид ёфт: Каспар Антон Карл ва Николай Иоҳанн.

Падар Людвигро маҷбур мекард, ки соатҳои зиёд дар паси клавесин нишаста оҳанг машқ намояд. Зеро писарак ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт ва ҳам падари ӯро шӯҳрати Мотсарти хурдакак ором намегузошт. Рӯзе ҳафт-ҳашт соат Людвиг бо амри падар оҳанг менавохт. Гоҳо падар шабона ҳам писарчаашро ба машқ водор месохт. Модар аз ранҷи фарзанд ба таҳлука афтода, аз шавҳар илтиҷо мекард, ки ақаллан нимашабҳо кӯдакро ором гузорад. Вале падари золим ба гапи касе гӯш намеандохт. Танҳо истеъдоди фавқулоддаи Людвиг ба мусиқӣ сабаб гашт, ки вай ба навозандагӣ ва эҷоди оҳангҳо нафрат неву меҳр бандад.

Дар ҳаштсолагӣ Бетховен дар шаҳри Кёлн бо нахустин консерти худ баромад кард. Минбаъд ҳунарнамоии ӯ дар дигар шаҳрҳо низ сурат гирифт. Баъди концерт дар Роттердам, ки дар он ҷо муғаннии наврас ба комёбии зиёд даст ёфт, Людвиг аз муносибати ҳолландиҳо норизо гашт. «Ман дигар ба он ҷо намеравам, — бо қатъият иброз дошт ғалчаи бӯзбала баъди бозгашт ба хона, — ҳолландиҳо зихна». Падар дид, ки дигар ба писар аз дониш чизе дода наметавонад, машғулиятро қатъ намуд.

То даҳсолагиаш Людвиг дар мактаби ибтидоӣ сабақ гирифт. Дар дарсҳо асосан лотинӣ меомӯзонданд, арифметика
дар ҷойи дуюм буд, аммо Людвиг натавонист таҳсилро идома бахшад. Қашшоқӣ маҷбур сохт, ки ӯ дар даҳсолагӣ ба ҷустуҷӯи кор барояд. Вале аз ҳар лаҳзаи дастдода бо самар истифода мебурд, зиёд мехонд, бо ашхоси донову пурдон

пешина
аз 424
навбатӣ