100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Ҳамчун муғаннии моҳиру нозукбаён соли 1796 Бетховен дар шаҳрҳои Прага, Дрезден ва Берлин шунавандагонро ба қиём овард. Ӯ дар ҳаёти мусиқии ҳамаи шаҳрҳои олмонизабо- ни Аврупо дар ҷойи аввал буд. Танҳо Иосиф Велф, шогирди Моцарт, метавонист бо Бетховени пианинонавоз қувва озмо- яд. Вале Бетховен аз Велф як бартарие дошт: ӯ натанҳо наво- зандаи беҳамтои пианино, балки эҷодгари закии оҳангҳо низ буд.
Миёнаи солҳои 90-ум Бетховен аллакай ҳамчун бастакор эътироф гашт. Вай соли 1796 қарор дод, ки сонатаҳояшро ба табъ расонад. 32 сонатааш дар як маҷмӯа пешкаши муштари- ён гардид. Солҳое, ки дар шаҳри Вена мезист, дар жанрҳои гу- ногун зиёда аз 100 асар офарид. Аз ҷумла, 17 соната барои фортепиано, 9 соната барои скрипка бо фортепиано, 3 консер- ти фортепиано, 2 соната барои виолончели бо фортепиано, мусиқии балети «Эҷоди Прометей» ва ғайраҳоро ба вуҷуд овард. Вале ба эҷоди асарҳои симфонӣ дер оғоз намуд, гӯё аввал мехостааст, ки барои ин кор дониши комил бигирад. На- хустин симфонияи Бетховен соли 1800 пайдо шуд. Баъди он ба эҷоди симфонияи дуюм пардохт. Аммо дар фосилаи байни офаридани ин ду симфония дар ҳаёти бастакор басо воқеаҳои фоҷиаангез ба вуқӯъ пайвастанд. Нахуст Бетховен суст шуда- ни ҳисси шунавоияшро дарк сохт. Табибон пеши роҳи бемори- ро гирифта натавонистанд, баракс, онҳо сабабгори авҷ ёфта- ни беморӣ шуданд. Маризӣ Бетховенро дар авҷи шӯҳрат ба гирдоби худ кашид. Ҳомиён бароиш нафақаи хуб таъин карда бошанд ҳам, вай аз дунё ноумед мегардад. Мехост даст ба худ- кушӣ занад. Вале ба ҳамаи ин яъсу ноумедиҳо дилбастагӣ ба эҷоди оҳангҳо пирӯз омад. Вай аламашро аз эҷод кардан ги- рифт.
Давраи дуюми эҷодии ӯ қариб даҳ сол идома ёфт: аз сим- фонияи сеюм то симфонияи ҳаштум, ки соли 1812 ба вуҷуд омад. Ин давраи тӯфоние буд. Франсияи инқилобӣ бонапартӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё