100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
сипас рӯ ба Ҳинд меорад, вақти зиёде дар донишкадаи Марями Муқаддаси Калкутта аз ҷуғрофия дарс медиҳад, баъдтар директори он таъйин мегардад.
«Ман ба конгрегатсия моҳи октябри соли 1928 шомил гаштам ва моҳи январ сафари Ҳиндро ихтиёр намудам, - ба ёд оварда буд модар Тереза. – Новитсиатро дар Дарҷилинг гузаштам ва савганди садоқатамро дар ҳузури хоҳарони лоретани ба забон овардам. Дар тӯли бист сол дар мактаби Марями Муқаддаси шаҳри Калкутта, ки асосан наврасон сабақ мегирифтанд, омӯзгор будам. Намедонам, муаллимаи хуб будам ё на. Инро шогирдонам беҳтар медонанд. Вале сабақ доданро дӯст медоштам».
Ба пойтахти ҳамонвақтаи Ҳиндустон ҳазоруҳо нафар хонабардӯшу гуруснаҳои тарки деҳаҳо намуда фурӯ мерехт. Садҳо нафар қашшоқ дар пеши назари Тереза ҷон ба Ҷаббор таслим мекард. Аввал ӯ ба муфлисон маошзашро тақсим менамуд, баъд ба дармонбахшии онҳо пардохту ба бемории сил гирифтор шуд. Аммо ба таври ҳайратовар шифо ёфт. Баъди ин Тереза мутмаин гашт, ки Парвардигор беҳуда ӯро дар ин дунё нигоҳ надоштааст. «Дар қалбам эҳсосе падид омад, гӯё дар жарфнои тақдирам боз қисмате дигар тавлид гашт: ба монандӣ тақдири дуюм. Ҳис намудам, ки маро қувваи тавоное аз конгрегатсияи лоретанӣ, ки он ҷо ҳаёти осуда ба сар мебурдам, берун мекашад баҳри хизмат ба бенавоёни кӯча.
10 сентябри соли 1946, вақте ки бо қатора аз Дарҷилинг, дар мавзеи шафати кӯҳҳои Ҳимолой мерафтам, садои Худо ба гӯшам расид.
Ҳангоми ибодат ва сӯҳбати ботинӣ бо Худо даъвати ӯро возеҳ дарк сохтам...
Даъваташ рӯшан буд: ман бояд аз дайри роҳибаҳо мерафтаму ба муфлисон ёрӣ мерасондам ва ҳамроҳашон мезистам. Ин амр буд.
Ман бармало эҳсос намудам, ки Исо мехоҳад дар байни бенавотаринҳо, рондашудаҳо, иқоматгарони маҳаллаҳои камбағалон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё