Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Намунае аз онҳо:
Кореро, ки намедонӣ, ҳеҷ гоҳ аз пайи иҷрояш нашав, вале ҳамаи он чизеро, ки омӯхтанаш имконпазир аст, биомӯз, он гоҳ ҳаёти осудаҳолона туро интизор аст;
Ба тақдир тан деҳу ҳамон тавр бизиҳ, аз қисмат шикоят мабар;
Ба зиндагии хоксорона одат намо.
Баъдтар Пифагор дар дайру майдонҳо ваъз гуфтанро тарк карда, таълимоти шогирдонро дар хона ба роҳ мемонад. Усули таълимаш басо мураккаб буд. Шогирдонро аз 3 то 5 сол месанҷид. Дар ин муддат шогирд ҳақи сухан рондан надошт, саволе намедод, танҳо устодро мешунид. Яъне сифатҳои пуртоқатию фурӯтании шогирдон аз санҷиш мегузаштанд.
Пифагор аз тиб, назокатҳои фаъолияти сиёсӣ, кайҳоншиносӣ, риёзиёт, мусиқӣ, этика ва ғайраҳо ба шогирдон сабақ медод. Дар мактаби ӯ бисёр арбобони сиёсию давлатӣ, таърихдонҳо, математиқҳо ва ситорашиносон сабзиданд.
Дар соҳаи геометрия низ саҳми Пифагор бузург аст. Теоремаи собитсохтааш номи ӯро дорост. Пифагор асосгузори таълимоти динию фалсафии Пифагореизм (файсоғурасия) мебошад. Пифагореизм ба ташаккул ва таркиби арифметикию геометрии унсурҳо аҳамият дода, онҳоро ба астрономия алоқаманд медонист, «ҳамаи чизҳо — асли адад», мегуфт. Яъне асоси Пифагореизм таълимотест дар бораи ададҳо. Таълимот ба ададҳо мазмуни ҳаётӣ медиҳад. Даҳ ҳосили ҷамъи чор адади аввал аст (1+2+3+4=10), ки дар он як ифодагари адади ягона, ду — ҳаракат ба сӯи номаълумӣ, се — нуқтаи беинтиҳои, чор — таҷАССУМИ ЧИСМонии шаклҳои мазкур мебошанд. Боз онҳо мегуфтанд, ки нуқта бо адади як, хат бо ду рақам, ҳамворӣ бо се ва ҳаҷм бо чор адад чен карда мешаванд.
Ғайр аз ин ба фалсафа мафҳумҳои ба ҳам зид (тазод)-ро низ пифагорейҳо ворид сохтанд. Онҳо ҷадвали даҳҷуфтай ба ҳам зидҳоро тартиб доданд: интиҳо ва беинтиҳои (ҳудуд ва

пешина
аз 424
навбатӣ