100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ақидаанд, ки гӯё қадами Афлотун то ба Финикияю Яҳудия низ расидааст ва дар Кирен, зодгоҳи риёзидони машҳур Феодор, низ будааст.
Саёҳати Афлотун даҳ сол, то солҳои 389-387-и то милод идома ёфт. Вай ҳангоми сафар зисту зиндагии халқ, тарзи давлату давлатдорӣ ва қонунҳои ҷориро омӯхт ва ба хулосае омад, ки ҳамаи давлатҳо хеле бад идора мешаванд. Ба ақидаи ӯ шоҳи донишманду файласуф ё танҳо файласуфон, ки зимоми роҳбарии давлатро ба даст мегиранд, метавонанд ба халқ ҳаёти осударо таъмин созанд.
Афлотун нахустин файласуфи Юнони Қадим аст, ки дар шакли мушаххас фаҳмиши худро оид ба мафҳуми давлат баён намудааст. Ду асари нисбатан калонҳаҷми Афлотун – «Давлат» ва «Қонунҳо» оид ба масоили ҷамъитиву сиёсӣ баҳс менамояд. Таҳқиқи ин масъалаҳо дар муколамаи «Сиёсатмадор» ва «Критон» идома ёфтааст.
Давлати идеалӣ, ба ақидаи Афлотун бояд дар асоси табақабандии ҷомеа ба вуҷуд ояд. Ба ғайри табақаи олӣ, ки ҳукмрон аст, вай боз табақаҳои истеҳсолгаронро ҷудо намудааст. Ва ин табақаи пасттарин, мегӯяд ӯ, ҳамеша баҳри зиндагии фаровон заҳмат мекашад. Инҳо заминдорон, косибону тоҷиронанд. Баъд табақаи ҷангварон, аз онҳо болотар файласуфон ҷой мегиранд. Ба роҳбарон – хирад, ба ҷангварон – ирода ва накӯкорӣ, ба истеҳсолгарон – ҳассосӣ ва шавку рағбат бояд хос бошад. Давлати афлотунӣ ин сохтори назариявии давлати хаёлотиест, ки дар он ҳаёти ҷомеа пурра зери назорати давлат аст.
Афлотун дар замони ҳукмронии шоҳи золим Дионисий I-и калонӣ, ки ҳукуматро дар соли 406-и то милод бо зӯрии аслиҳа ба даст оварда буд, ба Сиракуз омад. Дар боргоҳи шоҳи ситампеша Дион, бародари завҷаи Дионисий Аристомах, ки худ ба духтари Дионисий хонадор буд, нақши азиме мебозид. Дион шахси доно, соҳибмаълумот буда, ба ислоҳоти сиёсӣ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё