Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз он шохаи Довудро ҷудо намуд ва хеле интизор шуд, то он даме, ки ин дарахт меваи биҳиштӣ — зани арзанда барои Писари ӯ – овард.

Инҷили Иаков аз тасвири он, ки чӣ тавр зодмандони Марям Иоаким ва Аннаи пир аз бефарзандӣ ғам мехӯранд, оғоз меёбад. Иоаким ба биёбон аз паси чарондани рама мераваду завҷаи ӯ ба Парвардигор зора мекунад, ки бароиш фарзанде ато намояд.

Охируламр фариштае меояд ва ба Анна мужда меорад, ки духтаре меёбад. Волидайн қавл медиҳанд, ки ӯро ба Худо мебахшанд. Вақте ки Марям ба синни се мерасад, Иоаким баҳри иҷрои аҳди кардааш ӯро ба маъбади Байтулмуқаддас мебарад.

Дар маъбад Марям то дувоздаҳсолагиаш мемонад. Чӣ тавре ки барои Духтари кудсӣ муқаррар гаштааст, вай ғизои заминӣ намехӯрд, бароиш хӯрданӣ аз осмон, ба воситаи фариштаҳо меомад. Яъне, ба як ҳисоб, зани барои паёмбар зоидан муқарраршуда аз «витаминҳо» баҳра мебардошт. Вақте ки Марям ба айёми наврасӣ қадам мегузорад, роҳибони маъбад бо амри фаришта, фиристодаи Парвардигор, беваҳоро гирд овар­данд, то ки аз байни онҳо маҳфуздоранда ва ҳимоягари Духтари кудсиро интихоб намоянд. Дар ин ҳамоиши ғайриодӣ аз асои Иосифи дуредгар кабӯтаре пар мезанад ва ба сари ӯ мешинад. Инро аломати осмонӣ ҳисобида Марямро ба ҳамин пири обрӯманд месупоранд.

Сарнавишти минбаъдаи Духтари кудсӣ аз нигоришҳои Ақди Ҷадид маълум аст. Фариштаи ҳамабин Ҷабраил, ки ба шаҳри Назарет фиристода шуда буд, ба Марям мужда мерасонад, ки ӯ аз файзи Парвардигор баҳра мебардорад ва ба наздикӣ барои Вай Писаре ба дунё меорад ва Исо номаш мениҳад.

Марям маро­з зоҳир сохт, ки ин чӣ гуна ба амал мепайвандад? Ва фаришта посух дод, ки Рӯҳи Муқаддас ба болои вай мефурояд ва нерӯи Парвардигор ӯро фаро мегирад. Фурӯтанӣ ва мутеи Марям дар назди сарнавишт мавзӯи асосии иконаҳои

пешина
аз 424
навбатӣ