Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қурбон Мадалиев 20 октябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтар ба дунё омада, соли 1975 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз 3 сентябри соли 1975 то 8 феврали соли 1982 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси мусахҳеҳ, мухбир, мухбири калон, мудири шуъба адои вазифа намудааст. Ӯро сипас ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор хонданд. Вай дар ин нашрия аз 8 апрели соли 1982 то 1 апрели соли 1991 ҳамчун мухбири махсус, муовини котиби масъул кор кард. Аз 1 апрели соли 1991 ба рӯзномаи «Садои мардум» даъват шуд ва дар ин ҷарида то 30 январи соли 2006 ҳамчун шореҳ, котиби масъул, муовини сармуҳаррир дар рангину хондани ба дасти муштариён расидани он саҳм гирифт.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006, № 56 муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин шуд.

Чакидаҳои хомааш дар бисёр маҷмӯаҳо, аз қабили «Парасту», «Лолаҳои кӯҳсор», «Пайки истиқлол», «Ойинаи миллат», «Маром ва мақоми намоянда», «Дар коргоҳи қонун» ба табъ расидаанд. Муштариён тавассути тарҷумаҳояш бо ҳаёти бисёр инсонҳои бузургтарини таърихи башар, ба монандӣ Буддо, Конфутсий, Бисмарк, Тсин Ши Хуанди, Бах, Мотсарт, Нефертитӣ, Сафо, Клеопатра, Мурасаки Шикибу, Жорж Санд, Камилла Клодел ва дигарон, ки дар «Ҷумҳурият» ба табъ расидаанд, шинос гаштаанд. Ин тарҷумаҳо ба фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон низ ворид шудаанд.

Қурбон Мадалиев аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, дар тарғиби сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бориз дошта, дар соҳаи журналистикаи тоҷик яке аз симоҳои шинохта ва мураббии ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

пешина
аз 424