100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
этика низ ба шумор меравад. «Нахустфалсафа»-и ӯ, ки баъдтар номи «Метафизика»-ро гирифт, оид ба принсипҳои асосии ҳастӣ маълумот медиҳад.
Таълимоти Арасту аз ҷониби мутафаккирони оламшумули чӣ Шарқ ва чӣ Фарб хеле густариш ёфт. Ба асарҳои ӯ файласуфони забардаст ва олимони шинохтаи араб Абӯалӣ ибни Сино ва Ибни Рушд арҷ гузоштаанд. (Мутаассифона, дар китоби «100 великих людей» Ибни Сино, фарзанди барӯманди миллати тоҷик, саҳван араб омадааст).
Арасту соли 384-и то милод дар Стагир, мустамликаи юнониҳо, ки дар шимоли ғарбии соҳили баҳри Эгей доман густурда буд, дар оилаи табиб чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш табиби дарбори Аминти III, шоҳи Македония, буд.
Падар, нахустустоди фарзанд, тамоми донишашро оид ба табиатшиносию тиб ба ӯ омӯзонд. Овони наврасии Арасту дар дарбор, бо ҳамнишинии ҳамсолаш Филипп, писари шоҳ, сипарӣ гашт.
Соли 367-и то милод Арасту баҳри идомаи таҳсил ба Академияи Афлотун шомил шуд. Аммо ба Афина омаду Афлотунро наёфт, ӯ ба Ситсия рафта буд ва пас аз се сол баргашт. Дар ин муддат Арасту фалсафаи Афлотунро пурра омӯхт ва акнун ба он аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медод.
Арасту ҷонибдори зиндагии серупур буд ва аз ягон чиз худро иҷборан маҳрум намесохт. Ибораҳои «инро пӯш, онро напӯш, инро хӯр, онро нахӯр»-ро тоқати шунидан надошт. Ӯ дӯстдори занон буд. Аз ин рӯ афиниҳо Арастуро файласуфи ҳақиқӣ ҳисоб намекарданд. Вале Афлотун дӯсташ медошт ва «закӣ»-аш мехонд. Устод шогирдонро бо ҳам муқоиса намуда мегуфт: «Яке (Ксенократ) ба қамчин ниёз дораду дигаре (Арасту) ба лачом».
Дар навбати худ Арасту ҳам ба устодаш арҷ мегузошт. Дар китоби «Этикаи Никомах» ӯ овардааст, ки барояш баҳри ҳақиқат шуда зидди Афлотун сухан рондан хеле душвор аст. Ҳангоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё