100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
ба зиммаи Гандӣ вогузор шуд. Анҷуман баҳри истиқлолияти комили кишвар қарор қабул намуд.
Яке аз воқеаҳо, ки ба Гандӣ шӯҳрати безавол овард, ба намак вобаста буд. Аҳолӣ маҷбур мешуд, ки намаки мағозаҳои ҳукуматиро бо нархи гарон бихарад, ҳол он ки онро худаш бо нархи хеле арзон истеҳсол карда метавонист. Аз ин рӯ, Гандӣ ба мавзеи Дандӣ омад, то ки аз об намак ҳосил намояд. Ҳукумат аввал ба чунин намуди эътироз аҳамияти ҷиддӣ надод. Вале ба зудӣ ҳазорҳо нафар одамон ба Гандӣ пайвастанд. «Мо баҳри Худо пеш меравем», - иброз дошт Гандӣ. Ӯ ба ҷонибдоронаш тарзи истеҳсоли намакро меомӯзонд.
Хизматчиёни давлатии маҳаллаҳо тарки кор намуда, бо ҳамоишгарон пайвастанд. Исёни намак таъсири зиёде гузошт ба вазъи сиёсии кишвар ва он баҳои мусбати журналистони тамоми дунёро соҳиб гашт. Моҳи майи соли 1930 Гандӣ ва ҳаммаслаки ӯ, раиси Конгресси миллии Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Нерӯ ҳабс шуданд.
Моҳи январи соли 1931 Гандӣ ба озодӣ мебарояд ва барои гуфтушунид бо давлати мустамликадор ба Лондон меравад. Англисҳо бо иғво овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда, гуноҳи ба нокоми мувоҷеҳ гаштани гуфтушунидро ба дӯши Гандӣ ва Конгресси миллӣ партофтани шуданд. Вале тирашон хок хӯрд. Аз ин рӯ, маъракаи сеюми беҳамкорӣ бо ҳукумат оғоз ёфт, аммо натиҷаи чашмрас набахшид. Зеро роҳбарони Конгресс, аз ҷумла Гандӣ ҳабс шуданд.
Моҳи октябри соли 1934 Гандӣ шартан Конгрессро тарк гуфт. Ин ба ӯ ёрӣ расонд, ки шӯҳраташро дар байни омма ҳамчун пешвои ғайриҳизбӣ нигоҳ дорад ва фузунӣ бахшад.
Моҳи апрели соли 1942 Гандӣ ба миён шиоре партофт: «Аз Ҳинд дафъ шав!». Вай изҳор намуд, ки мубориза баҳри истиқлолияти кишвар дар шакли саркашӣ аз иҷрои амру супоришҳои ҳукумат сурат мегирад ва эҳтимол аз чаҳорчӯбаи осоиштаи маъракаи беҳамкорӣ бо ҳукумат барояд. Ин аллакай таҳдид ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё