100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
маъруф ва муаллифи усули оммафаҳми таълими бачаҳо ба ҳисоб мерафт. Модар ҳаёти хешро ба тарбияи фарзандон бах- шид. Ӯ зане буд оқила, донандаи чандин забонҳо ва навозан- даи созҳои мусиқӣ.
Дар 5-солагӣ Володя хонданро омӯхт, дар 9-солагӣ ба син- фи якуми гимназияи Симбирск шомил гашт. Бо завқи беҳамто сабақ мегирифт, лаёқаташ ҳайратовар буд ва ба таҳсил муно- сибати хеле ҷиддӣ дошт, ҳамеша бо тӯҳфа аз синф ба синф мегузашт.
Аллакай дар солҳои наврасӣ ба Владимир мусибати сах- теро таҳаммул намудан пеш омад. Дар 15-солагӣ аз падар, дар 17-солагӣ аз бародари калонӣ маҳрум гашт. Баҳори соли 1887 Александр Уляновро ҳабс ва баъд барои иштирокаш дар сӯи- қасди зидди шоҳ қатл карданд. Қатли бародари дӯстдоштааш Владимирро ба изтироби фавқулодда овард, мушаваш намуд. Ва дар айни ҳол ин ҳодиса ҷавонро маҷбур сохт, ки роҳҳои нав ба нави муборизаро биандешад. Ӯ ба хулосае расид, ки мубо- ризаи якка ба якка, ҳарчанд намунаи диловарист, натиҷаи чаш- мрас намеорад. «Не, мо бо ин роҳ немеравем», - қатъӣ қарор дод ӯ, - бо чунин роҳ рафтан даркор нест».
Дар ин ҳангом Владимир дар синфи охирини гимназия ме- хонд. Ғаму андӯҳи сангинро бартараф сохта, ба таври аъло имтиҳон супурда, соҳиби медали тилло ва Номаи камол мегар- дад. Ҳамон сол донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи Қазон мешавад. Дар ин ҷо бо донишҷӯёни рӯҳияи инқилобӣ дошта робита пайдо менамояд. Дар оғози моҳи декабри соли 1887 барои иштироки фаъолона дар ҳамоиши донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ ва ҳабс гашт. Баъдтар Владимир Ильич гуфтуг- ӯяшро бо сардори пулиси маҳаллӣ, ки ӯро ба маҳбас мебурд, чунин ба ёд овард: «Чаро шумо, одами ҷавон, ошӯб мебардо- ред, - маслиҳатомез гуфт ба ӯ пристав, - охир рӯ ба рӯ девор ис- тодааст!». «Девор ҳаст, вале он пӯсидааст, тела диҳӣ, меаф- тад!» - посух додааст Улянов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё